18:19 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Здание Академии наук Таджикистана, архивное фото

“Ҷоми Академияи илмҳо” ба ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон супурда шуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Озмун аз рӯйи се  номинатсия — “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи патент ё нахустпатент, аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, “Навовари беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Олимони ихтироъкори тоҷик бо “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини  АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда,  доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти  ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд,  ғолибони озмуни  ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон” гардида, бо “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз доштааст, ки мақсад аз эълон ва гузаронидани озмун  пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ,  муаррифии ихтироот ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар,  ҳамчунин  аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ буд.

Ба нақли номбурда, озмун аз рӯйи се  номинатсия — “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи патент ё нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, “Навовари беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд. Дар озмун қариб 60 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд.

Бо қарори Комиссияи озмун инчунин як зумра олимон бо Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд.

Ба Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи “Навовари беҳтарини Тоҷикистон” директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, номзади илмҳои физикаю математика Фарҳод Шокир сазовор дониста шуд.

Барчаспҳо:
олим, навоварӣ, илм, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ