Шаш ғизо, ки инсонро тез пир мекунанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкТележка с продуктами в магазине
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимон шаш ғизоро муайян карданд, ки таровати пӯстро коста ва инсонро тез пир мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Пизишкон шаш навъи хӯрокро муайян карданд, ки инсонро тез пир мекунанд. Дар ин бора нашриёти "Известия" менависад.

Ба гуфти коршиносон яке аз ғизои хатарноктарин шакар мебошад. Истеъмоли доимии шакар синтези коллагенро - ки ҳамвории пӯст аз он вобаста аст, суст мекунад.

Спящая девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чанд соат бояд хуфт, то зебо шуд

Дар ҷойи дуюм гӯшти коркардашуда номбар шудааст. Коршиносон қайд мекунанд, ки истеъмоли аз ҳад зиёди ин навъи гӯшт, ба мубодилаи моддаҳо таъсири манфӣ расонида, пӯсти рӯйро бенур мекунад ва пӯст тароваташро гум мекунад.

Олимон намакро низ ба рӯйхати хатарноктарин ғизоҳо ворид кардаанд. Ба гуфти коршиносон намак, пӯстро варам кунонида сифати онро паст мекунад.

Дар ин феҳрист дар ҷойи чорум қаҳва қарор дорад. Гуфта мешавад, ки истеъмоли аз ҳад зиёди қаҳва пӯсти рӯйро қоқ мекунад ва боиси пайдо шудани ожангҳо мегардад.

Шароб дар сатри панҷум қарор гирифтааст. Коршисонон қайд карданд, ки нӯшидани аз ҳад зиёди машруботи спиртӣ, пӯстро варам мекунонад ва рагҳои хунгардро намоён мекунад.

Феҳристи шашгонаи хатарноктарин ғизоҳоро маҳсулоти аз ҷуворимакка тайёркардашуда, попкорн ва чипс ҷамъбаст мекунад. Коршиносн бар инанд, ки ин навъи хӯрокҳо тавозуни равғанҳои омега 3 ва омега 6-ро дар бадани инсон вайрон мекунад.

Лентаи хабарҳо
0