18:58 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Кӯли Сарез, акс аз бойгонӣ

Олимони тоҷику чинӣ вазъи Сарезро меомӯзанд

© Фото: МИД РТ
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз олимони тоҷику чинӣ, рӯзҳои наздик ба кӯли Сарез меравад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Академияи улум, ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳи корӣ баррасии вазъи кӯл буда, ин мавзеъ аз нигоҳи олимони зилзилашинос таҳқиқ мешавад.

“Дар ин ҳайат 8 нафарро шаҳрвандони Чин - намояндаҳои Институти хатарҳои кӯҳӣ ва муҳити зисти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Чин ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Чин  ташкил медиҳанд”, - хабар додаст “Ховар” аз қавли Академияи улуми Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, дар маҷмуъ ба ҳайат 15 нафар - Ю.Мамадҷонов ва М.Сафаров ба намояндагӣ аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, Ф. Шаймуродов аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Ш.Я. Муродқулов аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, А. Дарғаев аз Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, М. Муборакшоев ва М. Насриддинова аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ шомил мебошанд.

Кӯли Сарез, бар асари заминҷунбӣ ва чаппашавии куҳ соли 1911 ба вуҷуд омадааст. Он дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баландии 3250 метр аз сатҳи  баҳр воқеъ аст. Чуқурии кӯл то 500 метр буда, ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб арзёбӣ мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ