23:12 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Юные изобретатели из Согда

Мактабхонони Суғд дар Дубай роботу ҳавопаймои сохти худро намоиш медиҳанд

© Sputnik
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
29210

Се хонандаи ихтироъкор аз мактабҳои Суғд, барои иштирок дар озмуни байналмиллалии ихтироъкорони техника ё “First globall challange-2019" ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мераванд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, эълон намудааст, ки Парвиз Очилзода, хонандаи синфи 11-и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев, хонандаи синфи 11, и Мактаби Президентӣ дар  шаҳри Бӯстон ва Нафиса Қобилзода, хонандаи синфи 11, МТУ ғайридавлатии "Ирфон" и Хуҷанд, барои иштирок дар озмуни байналмилалии “First globall challange-2019" ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мераванд.

Фирдавс Ашурматов, директори Маркази таҳсилоти иловагии Суғд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин хонандаҳо дар моҳи апрел дар озмуни байналмиллалии “Мо навоварони асри XXI” дар шаҳри Бишкеки давлати Қирғизистон ғолиб дониста шуда буданд.

Техникаи ихтироънамудаи ин хонандаҳо бо иҷро намудани шаш кор аъзои ҳакамон дар шаҳри Бишкекро дар ҳайрат гузошту беҳтарин навоварӣ муаррифӣ гардид.

Ба гуфтаи директори Маркази таҳсилоти иловагии Суғд, ин се хонандаҳо, ки аъзоёни маҳфилҳои техникианд, ҳоло дастаи ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон дар озмуни бонуфузи навъоварони техникии “First globall challange-2019" ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон Фирдавс Ашӯрматов дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ҳамроҳ бо хонандаҳо ба ин озмуни байналмилалӣ роботу ҳавопаймо мебранд.

“Роботи ихтироънамудаи хонандаҳои мо, зиёда аз понздаҳ амалро иҷро мекунад. Аз ҷумла то 10 метр қадам мезанад ва дар ин масофа бор мекашонад, ё ҳамроҳ шоҳмотбозӣ мекунад.

Ашурматов афзуд, модели тайёра дар соҳаи кишоварзӣ пешбинишуда, пошидани дорӯи зидди ҳашароти зараррасонро аз осмон иҷро мекунад ва ҳаракати он аз замин тавассути пулт идора мешавад.

Донишҷӯёни тоҷик велоэлектрогенератор ихтироъ карданд

Озмуни “First globall challange-2019" санаҳои  24-27 уми октябр бо иштироки хонандаҳои навовари беш аз 190 кишвар дар маҷмааи “Кока-кола арена” и шаҳри Дубай баргузор мегардад. 

Соли гузашта ин озмун дар кишвари Мексика баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, ки кишвари Тоҷикистон барои аввалин бор дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ оид ба техника ва навоварӣ даъват шудааст.

Барчаспҳо:
техника, ихтироъкор, озмун, АМА, хонанда, Дубай, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ