18:50 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Показ Haute couture в комлексе Заркайнар в рамках Uzbekistan Fashion Week

Олимон хатари бараҳна кардани буҷулаки пойро гуфтанд

Sputnik / Рамиз Бахтияров
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
538 0 0

Пӯшидани шимҳои кӯтоҳ, ки буҷулаки пойро намоён мекунанд нахуст дар кишварҳои Урупо, ки иқлиман дар қиёс бо кишварҳои ИДМ гармтаранд, муд шуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Пӯшидани шимҳои кӯтоҳ, ки буҷулаки пойро луч мекунанд, дар фасли сармо метавонад боиси пайдо шудани бемориҳои ҷиддӣ шавад.

Дар ин бора "Известия" бо такя ба раиси Асосиатсияи рӯзноманигорони тиббӣ, Виктория Шадеркина хабар медиҳад.

Муди пӯшидани шимҳои кӯтоҳ, ки буҷулаки пойро намоён мекунанд дар кишварҳои Урупо, ки иқлимашон дар қиёс бо кишварҳои ИДМ гармтар аст, пайдо шуд.

"Бо буҷулҳои урён гашту гузор кардан аввал боиси гирифторӣ ба зуком ва сипас боиси пурра хунукхӯрии аъзои бадан мегардад. Намнокӣ, барф ва борон низ ба саломатии инсон зарар дорад. Зиёда аз ин ман фикр мекунам, ин метавонад ба кори буғумҳо зарба занад", - гуфт Шадеркина.

Пизишк қайд кард,ки дар паи хунукхӯрӣ гирифтори илтиҳоби буғумҳо шудан аз имкон дур нест.

Дар баробари ин пӯшидани шимҳои кӯтоҳ метавонад кори дилу рагро суст карда низоми гардиши хунро дар бадани инсон вайрон намояд.

Барчаспҳо:
буҷулакбозӣ, хатар, олимон

Мавзӯъҳои асосӣ