Даҳ ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медорад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкТележка с продуктами в магазине
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз истеъмоли ғизоҳои тавсияшуда таровати рӯйятон хубтар шуда, шумо худро ҷавон эҳсос мекунед. Ин ғизоҳоро коршиносони амрикоӣ тавсия додаанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Коршиносони Донишгоҳи Ҳарварди ИМА рӯйхати даҳ ғизоеро нашр кардаанд, ки инсонро дер пир мекунанд, хабар медиҳад "Известия".

Помидор аз маҳсулоте ном бурда шудааст, ки аз витаминҳои А ва С бой буда, дорои хусусияти аҷиби ҷавон кардани пӯсти инсон мебошад.

Показ Haute couture в комлексе Заркайнар в рамках Uzbekistan Fashion Week - Sputnik Тоҷикистон
Олимон хатари бараҳна кардани буҷулаки пойро гуфтанд

Таҳқиқҳо нишон додааст, ки пас аз се моҳи истеъмоли ҳаррӯзаи помидор пӯсти рӯй аз таъсири нури ултрабунафш ҳифз мешавад ва инсон дертар пир мегардад.

Ҳамчунин чойи сабз низ дар қатори ғизоҳои "ҷавонкунанда" ном бурда шудааст. Чойи сабз натанҳо ба пӯсти рӯй балки ба кори рагҳои хунгард таъсири мусбат дорад.

Моҳӣ ки аз омегаи 3 бой мебошад, пӯсти инсонро тароват бахшида онро мавзун мекунад.

Коршиносон ҳамчунин истеъмоли броколли ва чормағзро тавсия медиҳанд. 

Броколлӣ бар зидди илтиҳоби бадан мубориза бурда, дар таркибаш оҳан ва синк дорад. Чормағз бошад аз витаминҳои А,Е, В6, ва В12, бой буда, пӯстро аз таъсири шуъоҳои ултрабунафш эмин нигоҳ медорад.

Ҳамчунин коршиносон истеъмоли рӯғани зайтун, меваи черника, барги салат ва шиколади сиёҳро тавсия медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0