18:37 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Latrodectus, veuve noire

Кашфи олими рус дар Тоҷикистон: тортанаки заҳрдор

© Flickr / BrunoSchalch
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
52030

Олими рус дар экспедитсия дар паи омӯзиши оилаи тортанакҳои соҳили дарёи Вахшу Панҷ навъи тортанаки заҳрдорро кашф кард

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Биологи рус Александр Фомичев ҳангоми таҳқиқот дар водии Вахши Тоҷикистон навъи нави тортанакро кашф кард, хабар медиҳад торномаи Донишгоҳи давлатии Олтой.

Олими рус дар вилояти Хатлон ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе таҳқиқот гузаронидааст. Қайд мешавад, ки ин навъи тортанак - аз оилаи Scytodidae - ро то ин замон дар Тоҷикистон вонахӯрдаанд. 

Дар паи экспедитсия олими рус олами тортанакҳоро оғоз аз саргаҳи дарёи Вахш то дарёи Панҷ, яъне то марзи Афғонистонро омӯхтааст. Минтақаи дигари таҳқиқотии олим ҷанубу шарқи куҳҳои Помир шуд.

Илова бар ин олим дар бораи тортанакҳо маводҳои зиёдеро ҷамъоварӣ кардааст. 

Фомичев қайд кардааст, ки да паи таҳқиқот дар Тоҷикистон намудҳои зиёди тортанакҳоро, ки то имрӯз барои илм норӯшананд, пайдо кардааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш олимон аз Архангелс дар Помир намуди нави шабпаракҳоро кашф карданд, ки ба номи сокини Тоҷикистон Нозимҷон Маҳмудов, ки дар экспедитсияи аввалин ба олимон кумак кардааст, гузошта шуд.

Барчаспҳо:
пайдо, заҳр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ