Чӣ қадар қаҳва бояд нӯшид, то умр дароз шавад

© Pixabay / fancycrave1Чашка кофе
Чашка кофе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ақидаи коршиносон, барои коҳиш додани хатари марги бармаҳал инсон бояд дар як рӯз тақрибан чор пиёла қаҳва нӯшад, аммо субҳгоҳон истеъмол намудани қаҳваро тавсия намедиҳанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Олимон ба чунин хулоса омадаанд, ки қаҳва аз сабаби миқдори зиёди антиоксидантҳои дар дохилаш дошта метавонад ба дарозумрии инсон мусоидат кунад.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба "Medikforum" хабар медиҳад.

Тӯли 12 сол коршиносон таъсири қаҳваи табиӣ ба баданро омӯхта, муайян кардаанд, ки дӯстдорони ин нӯшокӣ дар давраи муайяншуда камтар фавтидаанд.

Грант Дандуров - Sputnik Тоҷикистон
Агар чой хушбӯй бошад, барги чой табиъӣ нест: коршинос

Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд

Олимони соҳаи тиб ин гуна таъсири қаҳваро ба мавҷудияти антиоксидантҳо, ки равандҳои оксидитивӣ ва вайроншавии ҳуҷайраҳоро заиф мегардонанд, рабт доданд. Оксидизатсия яке аз ангезандаҳои бемориҳои пиршавӣ, рушди саратон ва дилу рагҳо мебошад.

Ҳамзамон антиоксидантҳо дар мубориза бо ин равандҳои патологӣ кумак мерасонанд. Онҳо бо илтиҳоб "мубориза мебаранд" ва радикалҳои озодро, ки дар организм ҳангоми мубодилаи моддаҳо ба амал меоянд, безарар мегардонанд.

Чанд финҷон қаҳва бояд нӯшид, то умр дароз шавад

Олимон на камтар аз ҳазор антиоксидантҳоро дар донаҳои қаҳва кашф кардаанд. Бар замми ин ҳангоми бирён намудани донаи қаҳва садҳо аксиданти  нав ташаккул меёбад.

Ба ақидаи коршиносон, барои коҳиш додани хатари марги бармаҳал инсон бояд дар як рӯз тақрибан чор пиёла қаҳва нӯшад, аммо субҳгоҳон истеъмол намудани қаҳваро тавсия намедиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0