10:49 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (701)
238210

Вирусолог, сироятшинос ва сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов дар як мақолаи худ роҳҳои пешгирии CОVID-19-ро гуфт

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар тамоми дунё имрӯз олимон ба дарёфти препаратҳои биологӣ, аз ҷумлаи ваксинаю зардобҳо, интерферонҳо барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол ва ғайрифаъоли инсон бар муқобили коронавируси CОVID-19, машғуланд.

Сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов, мегӯяд гарчанде, омода намудани ваксина барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол бар муқобили коронавируси CОVID-19 вақти зиёдро талаб мекунад, имрӯз зарур аст, ки барои табобат ва пешгирии он усулҳои кӯҳна, истифодабарии зардобҳои хуни одамоне, ки бемории коронавируси CОVID-19-ро аз сар гузаронида табобат ёфтаанд, ки давлатҳои пешрафта барои табобат ва пешгирии коронавирус истифода мебаранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, ҳамчун дастурамали беҳтарини табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавируси CОVID-19 дар Тоҷикистон истифода шавад.

СҶБ бо профессори тоҷик розӣ аст ва БСЖ-ро алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бояд чӣ кунад?

Ба гуфти олими тоҷик, бартирии ин усули табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар он аст, ки дар Тоҷикистон ташхиси саривақтӣ ва пурраи бемориҳои респиратории (роҳи нафас) дар ҷои ҳодиса имкон нест,  чун ташхиси коронавируси CОVID-19 фақат дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, ки гирифтани натиҷаи ташхис вақти зиёди зарурии табобатро мегирад, ин ташхис фақат як бемории коронавирусро аз эътибор соқит мекунад ва сабаби беморӣ дигар вирусҳо ва бактерияҳо шуда метавонанд.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Дар зардоби хуни инсоне, ки ба бемории респираторӣ гирифтор шуда табобат ёфтаанд ба ҳамаи бемориҳои сироятии респиратории аз сар гузаронидашон подтанҳо (антитело), яъне масуниятнокӣ ба ҳамаи ин бемориҳо мавҷуд аст. Бинобар ин табобат низ мақсаднок ҳисобида мешавад, мегӯяд олими тоҷик дар мақолае, ки дар саҳифаи фейсбукии сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.

"Дар ин асос олим  зарур мешуморад, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои табобат ва пешгирии бемории коронавируси CОVID-19 ҳар чӣ бештар хуни реконваленсентӣ, яъне плазмаи хунро аз шахсони ба беморӣ гирифтор шуда, табобатёфта, ки дар зардоби хунашон подтанҳо (антитело) бар муқобили коронавируси CОVID-19 доранд, ҷамъоварӣ ва захира намоянд".

Воҳимаи мардум асос надорад

11 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар тамоми миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус эълон кард. Ба гуфти Мухтор Каримов, ҳол он, ки барои эълон кардани эпидемия бояд 5% аҳолӣ гирифтори беморӣ бошанд.

Кашфиёти олимони тоҷик: оби нуқра коронавирусро нест мекунад

"Пас барои чӣ гирифтори бемории зуком (грипп) нисбат ба коронавирус садҳо маротиба зиёд ва фавти одам аз ин беморӣ низ даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бошад ҳам, на эпидемия ва на пандемияи зуком эълон карда намешавад", - суол мегузорад олими тоҷик.

Ҳамасола аз зуком, бемории сил, саратон, илтиҳоби шуш ва ғайра даҳҳо-садҳо маротиба фавти зиёди одамон дида мешавад, ки инро нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ тасдиқ мекунанд.

Дар ҳамин асосҳо Мухтор Каримов мегӯяд, ваҳму воҳимаҳое, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надоранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (701)
Барчаспҳо:
вируси нав, пешгӯӣ, Тоҷикистон, тоҷик, олим

Мавзӯъҳои асосӣ