Дастоварди донишҷӯи тоҷик дар Урал: лоиҳаи нерӯгоҳи хурди барқӣ таҳия кард

© ФГАОУ ВО "ЮУрГУ (НИУ)"Дилшод Аминов, аспирант из Таджикистана разработал проект мини-ГЭС
Дилшод Аминов, аспирант из Таджикистана разработал проект мини-ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилшод Аминов донишҷӯи тоҷик, ки дар яке аз донишгоҳҳои Урал таҳсил мекунад, лоиҳаи ҷадид барои сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Донишҷӯи тоҷик дар Урал зимни ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ, лоиҳаи як нерӯгоҳи хурди барқӣ-обиро пешниҳод намуд, хабар медиҳад котиботи Донишгоҳи Ҷанубии Урал.

Дилшод мегӯяд, мавзӯи истеҳсоли нерӯи барқ ​​ва истифодаи захираҳои обии дарёҳои хурду миёна дар замони ҳозира бениҳоят муҳим аст.

"Тибқи гуфтаи мутахассисон, ин манбаъ аз энергияи дарёҳои калон якчанд маротиба зиёдтар аст, аммо амалан истифода намешавад. Давраи азхудкунии дарёҳои хурд оғоз меёбад", - изҳор доштааст аспирант.

Ба таъкиди донишҷӯи тоҷик, неругоҳҳои хурди барқӣ барои экология чандон зараровар ҳам нестанд.

Барои лоиҳа қарори ғайристандартӣ қабул намудааст. Аминов аз сохтани як қатор нерӯгоҳҳои хурди гидроэнергетикӣ даст кашида таъкид мекунад, ки иншоот барои ҳар як дарё бояд алоҳида таҳия карда шавад.

© ФГАОУ ВО "ЮУрГУ (НИУ)"Проект мини-ГЭС, разработанный аспирантом из Таджикистана Дилшодом Аминовым
Дастоварди донишҷӯи тоҷик дар Урал: лоиҳаи нерӯгоҳи хурди барқӣ таҳия кард - Sputnik Тоҷикистон
Проект мини-ГЭС, разработанный аспирантом из Таджикистана Дилшодом Аминовым

"Иҷрои чунин миқдори зиёди корҳо хеле душвор буд, аммо ин хеле ҷолиб аст барои ман. Мо бояд барномаҳои таҳлили электромагнитӣ, таҳлили ҳароратӣ, моделсозии сахти сеандозаро азхуд менамудам. Ман тавонистам генератори гидроэлектрикии худро созам ва ҳамаи ҳалли техникиро аз рӯи модел тафтиш намоям, аммо ин як модели миқёси пластикӣ буд бо истифода аз технологияи 3D принтер ", - гуфт ихтироъкори тоҷик.

Дилшод мегӯяд, пас аз хатми донишгоҳ ба ватан бармегардад ва таҷрибаи худро дар Тоҷикистон васеъ истифода мебарад.

Лентаи хабарҳо
0