Селаи паррандагони нодир ба Тоҷикистон парвоз карданд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкЛаклакҳо дар болои симчӯб. Акс аз бойгонӣ
Лаклакҳо дар болои симчӯб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷустуҷӯи ғизо ва макони гарм барои зимистонгузаронӣ селаи паррандагони нодир, ки қаблан дар Тоҷикистон ба сар намебурданд, парвоз кардаанд. Онҳо барои зист “Бешаи палангон”-и водии Вахшро интихоб намудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Лаклакҳои сиёҳу сафеди подароз ва пеликанҳо (мурғи сақо) "меҳмонони нохонда" дар туғайзорҳои водии Вахш шудаанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ дар такя ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон.

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд ин паррандаҳо нодир бошанд ҳам, ба рӯйхати Китоби сурхи Тоҷикистон ворид нашудаанд, аммо ҳимояи онҳо як амри зарурист.Ба қавли онҳо,  маҳз гуруснагӣ ин паррандагонро водор кардааст, то аз Покистону Ҳинд ва  дигар кишварҳои нисбатан гарм ба ҷануби Тоҷикистон парвоз кунанд.

"Дар ҳоле ки ин парандагони нодир водии Вахшро маҳалли  сукунати худ интихоб кардаанд, бояд нисбати онҳо назорати ҷиддӣ бурда шавад, то дар замистон аз гуруснагӣ нобуд нагарданд. Фармон шудааст, ки барои замистонгузаронӣ гандум захира карда шавад. Дар рӯзҳои сард дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ супориш дода шудааст, ки гандумро захира кунанд, ба мавзеъҳо баромада, донаҳоро пошанд ва нагузоранд, ки ин паррандагонро шикор намоянд",- гуфтааст Ҳабибулло Қодиров, масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Масъулони раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯянд, замистони гузашта ҳаво сард омад ва заминҳо муддатҳо барфпӯш буд, аз ин рӯ имсол омодагии бештаре барои донапошӣ барои паррандагон ва ҳамин тавр, таҳияи маводи хӯрока барои ҳайвоноти нодир гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин масъулон, барои "меҳмонони нохонда" низ дону маводи хӯрока тавзеъ карда мешавад.

Лаклакҳои нодири сиёҳу сафед, ки аз навъи лаклаки ҷоғардоранд, бештар дар мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон", воқеъ дар ноҳияи Ҷиликӯл зоҳир шудаанд. Аммо мутахассисони соҳа мегӯянд, ин лаклакҳо ҳанӯз саршуморӣ нашудаанд.

Масъулини ҳифзи муҳити зист мегӯянд,  талош хоҳанд кард, то шароити лозимро барои зимистонгузаронии ин ва дигар паррандагону ҳайвонот дар ин мамнӯъгоҳ фароҳам созанд.  

 Як масъули мамнӯгоҳи "Бешаи палангон иброз доштааст, ки баъзе аз паррандагони "меҳмон"-ро саршуморӣ кардааст ва шумораи онҳо 20-то аст.

"Бешаи палангон" дар резишгоҳи дарёҳои Панҷу Вахш, дар қаламрави вилояти Хатлон мавзеъ гирифта, дар туғайзорҳои он ва ҷойҳои касногузар намудҳои гуногуни ҳайвоноту паррандаҳои нодир ба сар мебаранд.

Дар Тоҷикистон умуман 346 намуди парранда, мансуби 16 гурӯҳ (оила) дида мешавад. Беш аз 10 % (37 намуди паррандаҳо) ба гурӯҳи "нодир" шомил буда, ба бархеи онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0