12:51 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Список контактов городских служб в социальном сервисе Мо метавонем

Мири Душанбе телефонҳои мансабдоронро пешниҳод кард

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Шаҳрдори Душанбе дар саҳифаи иҷтимоиаш маълумоте аз сомонаи “Мо метавонем”-ро ба иштирок гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар саҳифаи Facebook, ки онро мири пойтахт ба иштирок гузоштааст, шумораи телефонҳои тамоми масъулини чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе пешниҳод мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш шудааст, ки барои ҳали мушкилоташон ба масъулини иҷрои дархостҳо вобаста ба категорияҳои хизматрасонӣ дар сомонаи   ва рақамҳои телефони субъектҳои хизматрасон метавонанд муроҷиат кунанд.

 "Дар ҳолати ҳал нагардидани мушкилот, шаҳрвандон метавонанд ба навбатдории шабонарӯзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои: 221-26-95, 223-22-14, ё худ тариқи фиристодани паёмакҳо ба рақами телефони 988-93-33-33 муроҷиат намоянд",-омадааст дар шарҳи ин маълумот.

Ҳамчунин, барои сокинони пойтахт маълумот оиди ҳалли ин ё он мушкилот ва ба кӣ муроҷиат кардан пешниҳод гардидааст.

Сомонаи иҷтимоии "Мо метавонем"  (mometavonem.tj) ду сол қабл аз ин аз ҷониби шаҳрдорӣ ифтитоҳ гардида, барои ҳамоҳанг сохтани иқдомоти масъулин ва хадамотҳои зирабт аснои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон хизмат мекунад. Дар ин сомона арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон барои баррасӣ гузошта мешавад.

Барчаспҳо:
дархост, рӯйхати телефонҳо, муроҷиат, масъулини ноҳияҳо, мири пойтахт, ҳукумати Душанбе, Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ