08:35 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото

Прокурорҳо барои риоя накардани қонуни танзим аз кор ронда мешаванд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Прокурорҳо дар сурати риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ оид ба мубориза бо коррупсия ва танзими ҷашну анъанаҳо аз кор озод карда мешаванд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин муқаррарот аз лоиҳаи қонун "Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон" бар меояд, ки 17- уми декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.

"Агар прокурор ягон маърака ё тӯйе гузаронад, ки ба талаботи қонун мувофиқат накунад, аз вазифа сабукдӯш мешавад", — гуфтааст Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни баррасии ин қонун.

Ба гуфтаи муаллифон, ин қонун бо ҳадафи боло бурдани масъулияти додгустарҳо таҳия ва қабул шудааст. Тибқи моддаи 23-и қонуну мазкур, додгустарҳо ӯҳдадор шудаанд, ба фаъолияти хоҷагии корхонаҳо ва шахсони ҳуқуқӣ дахолат накунанд ва ҳамчун мақомоти назоратӣ аз доираи фаъолияти худ берун нараванд.

Қонун "Дар бораи мақомоти прокуратура" соли 2005 қабул гардидааст ва то имрӯз ба он тағйироте ворид нашуда, баъзе меъёрҳои он ба дигар санадҳои ҳуқуқии кишвар дар мухолифат будааст.

Мавзуъ

Баррасии қонуни нав барои баргузории митингу роҳпаймоиҳо
Барчаспҳо:
ҷашну маросим, коррупсия, лоиҳаи қонун, прокуратура, парлумон, Шерхон Салимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ