20:53 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Маркази савдои Пойтахт. Акс аз бойгонӣ

“Пойтахт”- ро аз Зайд Саидов гирифтанд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ саҳмияҳои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷикро дар маркази тиҷории "Пойтахт" ба фоидаи давлат мусодира кардааст, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Ин тасмими додгоҳ боиси норозигии ҳамсари Саидов — Латофат Тоирова шудааст.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов гуфтааст, аз моҳи май инҷониб фоидаи саҳмияҳои Зайд Саидов дар маркази тиҷории "Пойтахт" ба суратҳисоби Оҷонсии зидди фасод ва ё худ буҷаи давлат гузаронида мешавад.

Ба иттилои Табаров ҳамсари зерҳимояаш — Латофат Тоирова бо шикояти касатсионӣ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хостааст, қарори қаблӣ бекор ва саҳмияҳо ба номи ӯ гузаронида шавад.

"Бо вуҷуди асоснок будани талаботи Тоирова, додгоҳ тайи чор моҳи охир дар баррасии иддаояш таъхиркорӣ мекунад", — гуфтааст Табаров.

Маркази тиҷории "Пойтахт" аз 5 ошёна иборат буда, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази шаҳри Душанбе, дар назди варзишгоҳи "Спартак" ҷойгир аст. Ин бино ба ширкати "Рос-Азия-Инвест", ки 49 дарсади саҳмияҳояш моли Зайд Саидов ва 51 дарсадаш ба писари Олег Сосковетс, муовини собиқи сарвазири Русия аст, тааллуқ дорад. Дар маросими ифтитоҳи ин марказ дар соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Зайд Саидов ва Олег Сосковетс иштирок доштанд.

Мавзуъ

Вакили авфшудаи Зайд Саидов дубора ба кор сар кард
Ваколати вакилии Зайд Саидов қатъ гардид
Барчаспҳо:
саҳмия, баҳси судӣ, суди Исмоили Сомонӣ, "Пойтахт", Латофат Тоирова, Исҳоқ Табаров, Зайд Саидов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ