18:55 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки иҷозатномаи фаъолияти литсейҳои туркӣ дар сурате тамдид мешавад, ки ҳадафи хайрия дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Фаъолияти литсейҳои туркӣ дар сурате тамдид мешаванд, ки ҳадафи хайрия дошта бошанд, гуфт Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Вазири маориф дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар Тоҷикистон афзуд, барои тамдид кардани иҷозатномаи онҳо, бо ҳукумат гуфтугӯ идома дорад ва ҳанӯз вазорат мавқеи ниҳоии худро рӯшан накардааст. Ҷаноби Саидов таъкид кардааст, ки тамдиди иҷозатномаи фаъолияти ин литсейҳо дар ҳоле амалӣ хоҳад шуд, ки ҳадафашон танҳо амали хайрия дар Тоҷикистон бошад, на чизи дигар. Саидов гуфтааст, литсейҳои туркиро лозим аст дар мавриди фаъолиятҳои хайриявии худ бознигарӣ кунанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, созишномаи ҳамкориро бо ширкати туркии "Шалола" — молики литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ тамдид накардааст. Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 барои як даҳсолаи дигар — то соли 2013 муҳлати шартномаи мазкур тамдид шудааст.

Ширкати "Шалола" дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад.

Барчаспҳо:
фаъолияти хайрия, иҷозатнома, созишнома, тамдид, вазорати маориф ва илм, литсейҳои туркӣ, Нуриддин Саидов, Туркия, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ