09:32 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тахриби биноҳо дар Душанбе: сокинон муқобиланд (7)
20 0 0

Қадимтарин кинотетари Душанбе- «Ватан» вақтҳои наздик аз байн бурда шуда, дар ҷойи он бинои серошёнаи муосир бунёд мегардад, ки ошёнаи якуми он дорои кинотеатри нав хоҳад буд.

Душанбе, 12 янв — Sputnik.Кинотеатри  «Ватан» воқеъ  дар хиёбони Рӯдакии шаҳри  Душанбе тазриб шуда, дар ҷойи он бинои серошёнаи муосир бунёд  мегардад, ки ошёнаи  якуми он дорои кинотеатри нав хоҳад буд, иброз дошт Асаддуло Раҳмон, раиси Кумитаи  телевизион  ва радио, иттилоъ медиҳад Ховар.

Ба қавли ӯ, ин иншоот ба Нақшаи генералии пойтахт шомил шудааст ва он аз байн бурда мешавад.

«То бунёд  шудани кинотеатри нав метавонед филмҳоро дар  кинотеатр ба номи Ҷомӣ  тамошо  кунед",-афзуд оқои Раҳмон.

Кинотеатри "Ватан" солҳои 50-уми садаи гузашта бунёд гардида, лоиҳаи он аз ҷониби Пётр Кузменко, меъмори шинохта, бинокори шоистаи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст. Ба ҷузӣ ин, Кузменко 200 иншооти гуногунро дар Душанбе меъморӣ кардааст.

"Ватан" яке аз рамзҳои пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ ба шумор мерафт.

Дар чорчӯби Нақшаи генералии Душанбе чанд бинои рамзии пойтахт тахриб гардид, ки "Почтаи марказӣ" ё ба истилоҳ "Главпочтамт" ва биноҳои дигари дуву сеошёна ба ин рада дохил мешаванд.

Ба иттилои расида, вақтҳои наздик бинои кинотеаатри "Ҷомӣ" ва шаҳрдории Душанбе низ аз байн бурда мешаванд.

Мавзуҳо:
Тахриби биноҳо дар Душанбе: сокинон муқобиланд (7)
Барчаспҳо:
тахриб мешавад, Главпочтамт, Почтаи марказӣ, кинотеатри Ҷомӣ, кинотеатри "Ватан", Кумитаи телевизион ва радио, Асадулло Раҳмон, Пётр Кузменко, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ