13:32 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Қароргоҳи боғи-тиҷоратии Румянтсево

Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” қонуншикании зиёдро сабт карданд

© Sputnik / Евгений Биятов
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Дурбинҳои "Шаҳри бехатар" дар як соли охир дар шаҳри Душанбе 405 мавриди поймол шудани “Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро ошкор кардаанд.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дурбинҳои назоратӣ дар хиёбонҳои Душанбе 8950 далели вайрон намудани тартиботи ҷамъиятиро дар як соли ахир сабт кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Аз ҷумла миёни ин далоил 405 ҳолати риоя нагардидани "Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" сабт шудааст.

Масъулони Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар» ба "Озодӣ" гуфтаанд, ин қоидавайронкуниҳо бештар дар боғу марказҳои фарҳангӣ ва хиёбонҳои пойтахт ошкор шудааст.

Бобоҷон Муродов, як масъули ин марказ гуфтааст, аксари ноболиғоне, ки волидонашон барои беаҳамиятӣ дар тарбияи фарзанд  ҷарима шуданд, кӯдакони оворагарданд ва гурӯҳе аз онҳо ба савдои кӯчагӣ низ машғул будаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Муродов, онҳо мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷаримабандӣ шудаанд.

"Байни онҳо духтарон ҳам буданд. Ҳамчунин 29 камераи даврзанандаи "Шаҳри бехатар" дар як сол 128 ҳазор қоидавайронкунии ҳаракати роҳ, 6378 далели савдои кӯчагӣ ва 12 далели майдаавбоширо ошкор карданд. 129 нафарро дар ҳолати мастӣ ба ҳушёрхона ва 882 оворагардро ба қабулгоҳи тақсимоти гадоён ва оворагардони раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе супурдем", — афзудааст ин масъул.

Ахиран президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш дастур дод, ки "ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷроияи Президент воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад." Ӯ ҳамчунин хостори таъсиси ниҳоди вижаи омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак шуд.

Барчаспҳо:
ҷарима, кӯдакони оворагард, дурбинҳо, сабти қонуншиканӣ, "Шаҳри бехатар", Бобоҷон Муродов, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ