21:13 14 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.73
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Коллеҷи ВКД барои сад таълимгиранда пешбинӣ шудааст ва дар он асосан фарзандони кормандони фавтидаи ниҳодҳои интизомӣ ва амнияту дифоъ таҳсил хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Маросими расмии ифтитоҳи коллеҷи ВКД имрӯз дар Кӯлоб бо ширкати вазири умури дохилаи Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад сойти ин ниҳод.

Ин ниҳоди омӯзишӣ 7 августи соли 2014 таъсис шуда буд, вале маросими расмии ифтитоҳи он ҳафт моҳ баъд баргузор шуд.

Коллеҷ бо таҷҳизоти зарурии муосир ва ҳамаи шароит барои таҳсил таъмин шудааст. Тибқи иттилои ВКД, дар он ҷо беш аз 100 нафар муҳассилин, умдатан фарзонди ятими кормандони фавтидаи ниҳодҳои интизомӣ ва дифоъ ва ҳамчунин атбоъи дигари кишвар таҳсил мекунанд.

Баъд аз маросими расмии ифтитоҳи коллеҷ, муҳассилин қасам ёд карда гузари тантанавӣ карданд.

Вазири умури дохилӣ дар назди муҳассилин суханронӣ карда, аз номи раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ду мошини сабукрав, компютерҳо, телевизорҳо, кондитсионерҳо ва анвои дигари васоили фанниро тақдим кард.

Дар маросими ифтитоҳи коллеҷ муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонзода, собиқадорони пулис, устодон ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат карданд.

Мавзуъ

Боздошти ду корманди милиса барои порагирӣ дар Душанбе
Барчаспҳо:
ифтитоҳи коллеҷ дар Кӯлоб, ВКД, Рамазон Раҳимзода, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ