02:17 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Асъори сомонӣ

Раиси парлумон гуфт, нафақаи маъюбӣ боло бурда шавад

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

“Барои маъюби дараҷаи “1” ҳаҷми феълии нафақа, ки ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, кам мебошад”, - гуфтааст Зуҳуров.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 28 январ зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи таъмини нафақа", хостори баланд бардоштани нафақаи маъюбӣ шуд, менависад оҷонсии "Озодагон".

"Барои маъюби дараҷаи "1" ҳаҷми феълии нафақа, ки ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, кам мебошад", — гуфтааст Зуҳуров.

Шодӣ Шабдолов, райиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумон низ ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, ҳаҷми нафақаро нокофӣ хондааст. Ба қавли вай, "маблағи нафақа барои харидории чанд дору мерасаду бас".

Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарияш гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст.

Раиси Оҷонсӣ ҳамчунин аз Амонуллоҳ Ҳукуматулло, собиқ раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон ёдоварӣ карда буд, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ дарёфт мекардааст.

Барчаспҳо:
маъбӣ, нафақа, Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод, парлумон, Абдуфаттоҳи Ғоиб, Шодӣ Шабдолов, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ