“Соли оила” эътибори қонунӣ пайдо кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин фармон, ки субҳи 4 феврал содир шуд, аз ду банд иборат буда, ҳадафаш “баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ” гуфта шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон соли 2015-ро "Соли оила" эълон кард, менависад сомонаи расмии президент.

Ин фармон, ки субҳи 4 феврал содир шуд, аз ду банд иборат буда, ҳадафаш "баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ" гуфта шудааст.

Дар интиҳо ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар муҳлати як моҳ барои иҷрои ин фармон "чораҳои зарурӣ андешад".

23 январ раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумон пешниҳод карда буд, дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад ва соли 2015 "Соли оила" эълон гардад.

Ин пешниҳодро вай ба хотири ҳифзи оила унвон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0