ВАО: Ҷони Депп ва Эмбер Херд ақди никоҳ бастанд

© Photo by Joel Ryan/Invision/APҶони Депп ва Эмбер Херд ақди никоҳ бастанд
Ҷони Депп ва Эмбер Херд ақди никоҳ бастанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷони Депп ва Эмбер Херд соли 2011 аснои наворгирии филми “Хотироти аҷибу ғариб” бо ҳамдигар ошноӣ пайдо карданд. Ҷашни арӯсии онҳо моҳи декабри соли 2013 баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳунармандони Ҳолливуд Ҷони Депп ва Эмбер Херд расман ақди никоҳ бастанд ва маросими мазкур дар манзили онҳо дар Лос-Анҷелес сурат пазируфт, менависад РИА Новости.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки маросими ақди никоҳи ҳунармандон 7-уми феврал дар ҷазираҳои Багама баргузор мешавад, аммо People навишт, дар Багама "ҷашни хонадоршавӣ"-и онҳо дар назар аст.

Ба навиштаи New York Post, таҷлили ҷашни арӯсӣ ду рӯз идома карда, он дар ҷазираҳои хусусии ҳунармандон- Little Halls Pond Cay анҷом меёбад. Навхонадорон тасмим гирифтаанд ба тӯй 50 нафарро бо шумули хонаводаи Эмбер Херд, инчунин фарзандони Деппа аз никоҳаш бо Ванесса Паради — Лили-Роуз Мелодии 15-сола ва Ҷеки 12-соларо даъват намоянд.

Ҷони Депп ва Эмбер Херд соли 2011 аснои наворгирии филми "Хотироти аҷибу ғариб" бо ҳамдигар ошноӣ пайдо карданд. Ҷашни арӯсии онҳо моҳи декабри соли 2013 баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0