Шогирдони макотиби Суғд тарзи зиндагӣ карданро меомӯзанд

© Sputnik / Амир ИсаевОташдон. Акс аз бойгонӣ
Оташдон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар беш аз нӯҳсад макотиби таълимоти миёнаи вилояти Суғд маҳфилҳои омӯзиши оиладорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз шудаанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҳудуди 15 ҳазор шогирдони макотиби вилояти Суғд бо омӯзиши оиладориву хонадорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд, хабар медиҳад сойти ҳукумати вилоят.

"Феълан дар 913 мактаби вилоят 576 маҳфили хонадорӣ ва таомпазӣ, 193 маҳфили сӯзанадӯзӣ ва 199 маҳфили матоъбофӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо 14 ҳазору 928 шогирд таълим дода мешаванд", — омадааст дар хабар.

Зикр мешавад, ки қаламрави вилоят ба чунин маҳофил таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Соли гузашта дар 557 муассисаи таълимӣ танӯрҳо ва дар 844 мактаб анвои дигари тафдонҳо насб шуда буданд.

Дар хонаводаҳои тоҷик, ба вижа барои духтарон, ҳунарҳои хонадорӣ ва оиладорӣ ва пухтупаз муҳим мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0