Сокинони Мурғоб ҳамакнун панҷ сол зудтар бознишаста мешаванд

© Sputnik / Марина Маковецкая / Гузариш ба медиабонкЗиндагӣ дар манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Зиндагӣ дар манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардҳои ноҳияи баландкӯҳтарини Мурғоби ВМБК баъд аз 20 соли кор метавонанд бознишаста шаванд, занҳо панҷ сол пештар.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Синни нафақанишинӣ барои сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМБК ба панҷ сол коҳиш дода шуд, менависад хабаргузории "Авеста".

Рӯзи душанбе Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ислоҳоти қонун "Дар бораи ҳуқуқи бознишастагии давлатӣ ва суғуртавӣ"-ро баррасӣ кард.

"Бо дарназардошти синни миёнаи сокинони ноҳияи Мурғоб ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт барои онҳо бо дарназардошти солҳои корӣ синни бознишастагиро коҳиш бидиҳад", — гуфт зимни суханронии худ дар Маҷлис мудири Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов.

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун мардони сокини ин ноҳия метавонанд дар сурати 240 моҳи корӣ (20 сол) бознишаста шаванд. Қаблан ин рақам муодили 25 сол ё 300 моҳ буд. Барои занҳо ин нишондод аз 240 моҳ то 180 моҳ (15 сол) коҳиш дода шудааст.

Наҷмиддинов ҳамчунин хабар дод, ки ин ислоҳот ҳамзамон бархе аз муқаррароте, ки мухолифи моддаҳои дигар буданду иҷрои қонунро душвор месохтанд, ҳазф карданд. Ҳамчунин иқдомоте бар зидди фасодкорӣ пешбинӣ шудаанд.

Муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки дар будҷаи кишвар 18 намуди кӯмакҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд. Дар будҷаи соли 2015 бад ин манзур 2,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

"Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ мизони нафақапулӣ ва кӯмакҳо 20% афзоиш меёбанд, ки ба афзоиши сармоягузории давлатии ин бахш мунҷар мешавад", — таъкид кард Нуралиев.

Лентаи хабарҳо
0