ВАО: қасди худсӯзии Гулрухсор барои раҳойии шавҳараш

Обуна шудан
Сафорат аз мақомоти додгоҳии Русия таҳқиқи шаффофи қазияи Аслиддин Асоев, муҳоҷири тоҷикро, ки беш аз 11 моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дорад, талаб хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қасди худсӯзии зани тоҷик барои раҳойии шавҳарашро нигаронкунанда хондааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Сафорат аз мақомоти додгоҳии Русия таҳқиқи шаффофи қазияи Аслиддин Асоев, муҳоҷири тоҷикро, ки беш аз 11 моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дорад, талаб хоҳад кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия 12 феврал гуфтааст, онҳо тасмим доранд, бо ирсоли як нома аз мақомоти дахлдори ин кишвар таҳқиқи фаврӣ ва одилонаи парвандаи Асоевро талаб намоянд.

"Ин ҳодиса ҳарчи зудтар бояд дар доираи қонун шаффоф ҳал шавад", — афзудааст Эгамзод.

Ӯ дарёфти муроҷиати Гулрухсор Асоева, ҳамсари Аслиддинро, ки гуфтааст, дар сурати расидагӣ нашудан ба қазияи шавҳараш даст ба худсӯзӣ мезанад, тасдиқ намуда афзуд, бо ин хонуми тоҷик дар ҳузури вакили дифоъ суҳбат доштанд.

"Ин ҳодиса бисёр нигаронкунанда аст, зеро қазия сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Ҳангоми суҳбат ба ӯ фаҳмондем, ки ба ин амал даст назанад, зеро дуруст нест. Ин кор бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳал шавад", — илова кардааст сухангӯи сафорат.

Гулрухсор Асоева, ки модари се фарзанд мебошад, бо ирсоли муроҷиатномае ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Додситонии кулл, Додситонии ғарби Маскав ва Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, "дигар умедам ба тафтиши одилона ва назорати одилонаи тафтишот намондааст. Иқрор мешавам, ки ба адолати додгоҳӣ ҳам бовар надорам. Бидуни шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам. Бо ин муроҷиатнома ба таваҷҷуҳи ҳама мерасонам, ки қасди худсӯзӣ дорам. Масъулияти марги ман бар души прокурори ғарби Маскав Радионов Г.Г. аст, ки бо вуҷуди далелҳои қавӣ ҳабси шавҳарамро тасдиқ кард".

Аслиддин Асоев дар даст доштани дуздии беш аз шаш миллион рубл муттаҳам мешавад. Дар ҷои ҳодиса сабукрави тамғаи "Рено"-и ӯ, ки 11 моҳ қабл аз анҷоми ҷиноят фурӯхта буд, ёфт мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои дарёфти маълумоти соҳиби нави мошин даъват мекунанд, аммо баъдан ҳамчун ҳамдасти ҷинояткор боздошт мешавад ва инак беш аз 15 моҳ аст, ки дар СИЗО қарор дорад.

Ахиран, баъди муроҷиати видеоии Алексей Наделсон, вакили дифои Аслиддин ба қазияи боздошти Аслиддин Асоев дар ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Наделсон дар ин муроҷиатнома аз мақомоти Русия хост, ба бедодгарию сохтакориҳо дар мақомоти тафтишотии Раёсати умури дохилии ғарби Маскав хотима диҳанд.

Ӯ сабти пинҳонии Степан Корпутяк, муфаттиши Раёсати тафтишотии ғарби Маскавро пешниҳод мекунад. Корпут бехабар аз он ки ӯро сабт мекунанд, шеваи кори мақомоти пулиси Маскавро ифшо кардааст.

"Заказҳо хеле зиёданд. Рақибонро бартараф мекунем. Баъзан маводи мухаддир партофта боздошт мекунем, ки хеле осон аст. Масалан як нозири роҳ зимни тафтиш маводи мухаддирро ба мошини нафари мавриди таваҷҷуҳ мепартояд ва ӯро дар постгоҳи дигар боздошт мекунем. Дигар радкуниҳои ин нафар фоида намекунанд, зеро ягон қочоқчӣ иқрор намешавад, ки воқеан мухаддирот аз ман аст. Бинобар ин дар суд чунин парвандаҳо бо маҳкумият анҷом меёбанд", — гуфта мешавад сабти Корпутяк.

Ӯ дар идома мегӯяд, дар парвандаҳое, ки далели гунаҳкорӣ кам аст, сохтакориҳо низ мешаванд: "Масалан, дар мавриди ҳамин Асоеви шумо делелҳо каманд. Аммо нафареро, ки беш аз 11 моҳ дар боздошт аст, озод кардан ғайриимкон аст. Медонед, ғайриимкон аст. Аз рӯи одамгарӣ ба ӯ ва ҳамсараш раҳмам меояд, аммо…"

Ба қавли Корпут, раҳбарият ба вай фишор меорад, то ҳар чӣ зудтар парвандаҳоро ба додгоҳ ирсол кунад: "Ин ҷо шахс гунаҳкор аст ё на фарқ надорад."

Лентаи хабарҳо
0