Соҳибкорони Тоҷикистон акнун соҳиби ҷашн шуданд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкНа рынке в Душанбе. Архивное фото
На рынке в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин ба баъд ин ҷашн ҳамасола 14 октябр таҷлил хоҳад шуд. Ин пешниҳод ба парлумон аз ҷониби ҳукумат ироа гардид.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Парлумон бо ворид кардани тағйирот ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", Рӯзи соҳибкоронро расман ҷашни сартосарӣ эълон кард, менависад оҷонсии "Озодагон".

Аз ин ба баъд ин ҷашн ҳамасола 14 октябр таҷлил хоҳад шуд. Ин пешниҳод ба парлумон аз ҷониби ҳукумат ироа гардид.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 14-уми октябр соли 2014 дар мулоқот бо соҳибкорон пешниҳод карда буд, ки ҳамасола 14-уми октябр чун рӯзи соҳибкорон таҷлил гардад.

Вай дар хитоб ба соҳибкорон гуфта буд, "метавонем якҷоя ба тамоми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ истодагарӣ карда, лоиҳаҳои миқёсан бузургро амалӣ намоем".

Вай афзуда буд, "мо шарикӣ ва дӯстиро қадр мекунем, ба ҳамкорӣ ва идомаи фаъолияти муштарак доимо омода ҳастем".

Лентаи хабарҳо
0