Истифодаи ройгони таруфаҳои телефонӣ барои собиқадорон дар Ӯзбакистон

© Flickr \ Arian ZwegersСобиқадори ҷанг аз Бухоро. Акс аз бойгонӣ
Собиқадори ҷанг аз Бухоро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зангҳои телефонии дохилӣ ва байнишаҳрӣ ба собиқадарони ҷанги бузурги ватанӣ дар чорчӯби барномаи “Соли таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ нисбати солмандон”, ки ҳафтаи гузашта аз сӯйи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов тасвиб шуд, роҳандозӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Собиқадорони ҷанг дар Ӯзбакистон дар тӯли соли 2015 имкон пайдо карданд, ки аз таруфаҳои ройгони телефонҳои маъмулӣ ва ҳамроҳ истифода кунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи вазорати рушд ва фанноварӣ.

Ин иқдом аз сӯйи барномаи давлатии "Соли таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ нисбати солмандон", ки ҳафтаи гузашта аз сӯйи раиси ҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов тасвиб шуд, дар назар гирифта шудааст.

"Ба собиқадорони ҷангу меҳнат аз моҳи апрел то охири сол ҳар моҳ  60 дақиқа зангҳои ройгони дохилӣ ва байнишаҳрӣ бидуни дарёфти ҳаққи ҳармоҳаи пардохт ироъа мешавад", — тавзеъ дод намояндаи вазоратхона.

Ба ҳуқуқи бознишастагон беш аз 100 солаи ӯзбек 100% изофапулӣ мешавад

Ба гуфтаи вай, ин иқдом "имкон медиҳад, ки собиқадорон бо ҳамтоёни худ, дӯстон ва пайвандонашон дар дигар шаҳрҳо ва кишварҳо ройгон сӯҳбат кунанд".

Қаблан гузориш шуда буд, ки собиқадарони ҷанг ва ақибгоҳ дар Ӯзбакистон ба манзури таҷлил аз 70-умин солгарди Пирӯзӣ телевизорҳо ва телефонҳои ҳамроҳи сохти дохилӣ ҳадя мегиранд.

Тибқи иттиъоли сандуқи "Собиқадор", феълан дар Ӯзбакистон 7 ҳазор собиқадорони ҷанг, беш аз 115 ҳазор собиқадарони ақибгоҳ ва 2 ҳазор хонаводаи фавтидаи сарбозон зиндагӣ мекунанд.

Теъдоди умумии ширкаткунандагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Ӯзбакистон беш аз 1,4 миллион нафар аст ва беш аз 400 ҳазор нафар аз онҳо фавтидаанду ва 130 ҳазор нафар беному нишон шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0