21:31 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ

Раиси шаҳри Душанбе ёвар ва мутахассиси ҳирфаӣ меҷӯяд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ниҳод то авохири моҳи апрел идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли як қатор ҷойҳои холии корӣ дар шаҳрдорӣ ва дарёфти ёвар барои худ озмун эълон кардааст, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи ҳукумати пойтахт.

Ба қавли манбаъ, озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ниҳод аз 12 март то 16 апрели соли равон идома хоҳад дошт.

Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Гуфта мешавад,  дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе; мудири шӯъбаи умумӣ ва протокол; мудири шӯъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ; мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва умуман дар маҷмӯъ 21 вазифа холӣ аст.

Инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ; мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак; сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила; мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила; мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниёз дорад.

Қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев барои баргузории озмун ва пайдо кардани ёвар дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе ҳанӯз моҳи июли соли 2013 барои ёфтани соҳиби ин курсӣ озмун эълон карда буд. Масъулини шаҳрдорӣ он замон гуфта буданд, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии раиси шаҳр холӣ аст ва ба довталабоне, ки донишгоҳро то соли 1992 хатм кардаанд, ё дар хориҷ маълумоти олӣ гирифтаанд, бартарият дода мешавад.

 

Мавзуъ

Убайдуллоев барои нигоҳубини роҳҳои Душанбе супориш дод
Убайдуллоев хостори омори дақиқи сокиноне шуд, ки гармӣ мегиранд
Убайдуллоев аз афзоиши сохтмонҳои нав дар Душанбе нигарон аст
Барчаспҳо:
21 вазифаи холӣ, озмуни шаҳрдорӣ, ёвари раис, мири пойтахт, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ