15:50 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо адибон 19 марти соли 2015

Президенти ҶТ вазифаҳои муқаддаси адибони кишварро мушаххас кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Ба эътиқоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъи Ватан, худшиносӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ бояд меҳвари асосии эҷодиёти адибони тоҷик бошад.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Инъикоси рушди бомароми Тоҷикистон бояд вазифаи муқаддаси адибони тоҷик бошад, муътақид аст раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки матни суханрониаш дар назди зиёиён дар сомонаи расмиаш мунташир шудааст.

Адабиёт ба гунаи маҳлули рӯҳи инсон дар тарбияи маънавии ҷомеъа нақши муҳим мебозад ва бозгӯйи бадеъии воқеъият аст, гуфт раиси ҷумҳур.

"Таблиғи аҳдофи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тақвияти субботи сиёсӣ, бозтоби дурусти зиндагии халқ ва рушди бомароми Тоҷикистон бояд вазифаи муқаддасти адибон ва адабиёти тоҷик бошад", — зикр кард вай.

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили Иди модар. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ҳамзамон Раҳмон бар ин назар аст, ки муҳим аст асоси эҷодиёти адибони тоҷикро мавзӯъи Ватан, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтироми муқадассоти миллӣ ташкил бидиҳад.

"Адибони мо муваззафанд наврасон ва ҷавононро дар ин рӯҳия тарбият кунанд то ки онҳо дар оянда парчами озодӣ ва истиқлолияти моро баланд бибардоранд", — гуфт раҳбари кишвар.

Вале бояд зикр кард, ки иқрор шуд раиси ҷумҳур, адабиёти тоҷик аз замон ақаб мондааст, на ҳама аз дастовардҳо дар замони истиқлолият комилан бо дарназардошти манофеъи имрӯзу фардои миллат ва давлат таҷассуми бадеъии худро дар адабиёт ёфтаанд.

Мавзуъ

Нашри “Наврӯз-шиносномаи миллат” –и Раҳмон дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди бунёди "Муҷассамаи модар"-ро кард
Раҳмон: артиш бояд барои дифоъи манофеъи миллӣ омода бошад
ВАО: Эмомалӣ Раҳмон мушобеҳ ба "офтоб" ва "ситораи бахт" аст
Барчаспҳо:
суханронӣ, раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ