09:44 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД милисаи Хуҷандро барои ҷасораташ қадрдонӣ кард

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Корманди милиса, ки ҳафтаи гузашта як сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот дод, бо фармони вазири умури дохилӣ унвони "Аълочии милиса"-ро соҳиб гардид.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сержанти милиса Парвиз Ёқубов, ки ҳафтаи гузашта Мавзуна Зокирова, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз қасди худкушӣ дар дарёи Сир наҷот дод, бо нишони сарисинагии "Аълочии милиса" сарфароз гардид, иттилоъ медиҳад сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

"Барои содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, дарки баланди масъулият ва нишон додани ҷавонмардӣ, ҳамзамон наҷот додани шахси ғарқшуда бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба Ёқубов чунин мукофот тақдим мешавад",- менависад манбаъ.

Парвиз Ёқубов корманди хадамоти таъминотии пулиси шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 25-соларо, ки ба қасди худкушӣ аз болои купрӯки дарёи Сир худро ба об партофта буд, аз хатари ғарқшавӣ наҷот медиҳад. Мақомоти умури дохилии Суғд гуфтанд, таҳқиқи ин ҳодисаро, ки Мавзуна Зокирова чаро қасди худкушӣ дошт, додситонӣ бар ӯҳда дорад. 

Мавзуъ

Милиса дар Хуҷанд худкушро наҷот дод
Барчаспҳо:
нишони "Аълочии милиса", ҷилавгирӣ аз худкушӣ, ғарқшавӣ наҷот дод, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ВКД ҶТ, Парвиз Ёқубов, Рамазон Раҳимзода, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ