23:51 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Бахши аъзами тоҷикони муқими Яман рӯзи 4 апрел тавассути ҳавопаймои русӣ он кишвари гирифтори ҷангро тарк хоҳанд кард. Панҷ нафар аллакай аз Маскав ба Душанбе парвоз карданд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Қисми зиёди тоҷикони муқими Яман 4 апрел тавассути ҳавопаймои русӣ он кишвари гирифтори ҷангро тарк хоҳанд кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Дар ин бора Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 3 апрел ба радио хабар додааст. Ба гуфтаи вай, шоми панҷшанбе 17 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба Маскав омаданд ва аллакай баъзеҳо ба Душанбе баргаштаанд.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич иттилоъ дод, ки дар ҳавопаймои аввал 167 нафар, аз ҷумла 60 кӯдак қарор доштанд. Ин ҳавопаймо дар Қоҳира маводи сӯхт гирифт ва шом дар Маскав фуруд омад. Баъд аз чанд соат тайёраи дуюм ҳам аз фурудгоҳи Санъо нахуст барои гирифтани сӯзишворӣ ба Ҷибутӣ ва аз он ҷо ба пойтахти Русия парвоз кард.

Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, панҷ нафар аз афроди баргашта, аз ҷумла, як кӯдак рӯзи ҷумъа аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Душанбе парвоз карданд. Қарор аст, ки дигарон шоми ҷумъа озими ватан шаванд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, айни ҳол як корманди сафорати Тоҷикистон дар маркази зиддибӯҳронии вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад ва ба таҳияи асноди шаҳрвандон машғул аст.

"Мо бо пайвандони тоҷикони муқими Яман ҳам пайваста дар тамосем. Аз онҳо ҳам нома мегирем. Ана, ҳамин лаҳза аз номи волидони хонуме бо номи Маҳваш нома гирифтем, ки аз сафорат барои мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос карда ва хостори фаҳмидани сарнавишти фарзанду набераашон шудаанд", — мегӯяд Муҳаммад Эгамзод.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, даргириҳо дар Яман идома доранд. Бо вуҷуди зарбаҳои ҳавоии Арабистони Саъудӣ, шибҳанизомиёни ҳусӣ рӯзи панҷшанбе Аден, дувумин шаҳри бузурги Яманро таҳти назорат гирифтаанд.

Барчаспҳо:
тарк, даргирӣ, 4 апрел, шаҳрвандон, берунорӣ, ҳавопаймо, ҷанг, Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, Муҳаммад Эгамзод, Яман, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ