ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар садри ҷадвали назарсанҷии ҳамасолаи маҷаллаи Time қарор гирифтааст, менависад РИА Новости.
"Путин кулли сарварони давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла райисҷумҳури ИМА Барак Обама ва канслери ҶФО Ангела Меркелро гузаштааст",- менависад нашрия.
Дар ҷадвали умумии ТОП-100 Владимир Путин дар мақоми дуввум қарор дорад. Дар ҷойи аввал сарояндаи саршиноси Кореяи Ҷанубӣ Ли Че Рин ва дар зинаи саввуми он ҳунарманди бритониёӣ Эмма Уотсон мавқеъ гирифтаанд. Бону Уотсон бо иҷрои нақши Гермион дар филми Гарри Поттер машҳур аст.
Time қайд мекунад, ки овоздиҳӣ то 10 апрел идома мекунад, натиҷаи ниҳоии он ва исми ғолиб рӯзи 13 апрел эълом хоҳад шуд.