00:05 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Дар ҷараёни муҳокимаи директори бозор, ки дар қатл муттаҳам аст, боз як иттиҳом ироъа шудааст – дузанӣ.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Додгоҳи вилояти Суғд имрӯз муҳокимаи парвандаи раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар латукӯби шогирди мактаб-интернат, ки боиси маргаш шуд, муттаҳам мешавад, оғоз кард, менависад Радиои Озодӣ.

Ба Рустамҷон Ҷӯраев, менависад Озодӣ бо истинод ба қозии парванда Содиқ Ваҳҳобзода, тибқи се моддаи қонуни ҷиноӣ — 104 (қатл), 112 (расонидани зарари ҷисмонӣ) ва 170 (дузанӣ ё бисёрзанӣ) иттиҳом ироъа шудааст.

Дар бораи ироъаи иттиҳоми дузанӣ имрӯз дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ эълом шуд. Аммо худи муттаҳам, ки ду иттиҳомро қабул дорад, гуфт, ки ду зан надорад, хабар медиҳад Озодӣ.

Дар маҷмӯъ тибқи ин парванда чаҳор нафар муҳокима мешаванд — мудири бозор, раҳбари гурӯҳи амниятӣ, посбон ва мудири ошхонаи "Назари нек".

Вазорати корҳои дохилӣ 19 январ аз қатли шогирди 17-солаи ятимхонаи шаҳри Чкаловск барои дуздӣ хабар дода буд.

Гузориш шуда буд, ки соати яки шаб ду ноболиғи ятимхона бо шикастани қулфи ба маркази тиҷорати "Сабрина", воқеъ дар бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид мешаванд.

Онҳо аз ҳазинаи фурӯшгоҳ 386 сомонӣ гирифта таҷаммӯъи кормандони бозорро мушоҳида мекунанд ва дохили анбори мағоза даромада қулфи онро маҳкам мекунанд ва ба ин роҳ панаҳ мебаранд. Аммо онҳо ба зудӣ ошкор шуда аз сӯйи мудири ва кормандони бозор латукӯб мешаванд, зикр шуда буд дар он гузориш.

Барчаспҳо:
иттиҳоми нав алайҳи директори бозор, муҳокимаи мудири бозори "Назари нек", додгоҳи вилояти Суғд, Рустамҷон Ҷӯраев, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ