09:21 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Намое аз Душанбе. Апрели соли 2015

Таъсиси ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ҷоизаи мазкур ба хабарнигороне эҳдо мегардад, ки аз фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва вакилони он хабару гузориш омода мекунанд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷоизае ба номи Муродуллоҳи Шерализода, нахустин сардабири нашрияи "Садои мардум" ва вакили Шӯрои олӣ таъсис ёфт, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар ин бора рӯзи сешанбе, дар маҳфиле, ки ба хотири 70-умин солгарди Муродуллоҳ Шерализода бахшида шуда буд, иброз гардид. Сардабири вақти нашрияи парлумониии ҶТ соли 1992 дар саҳни ҳавлии парлумон аз ҷониби шахси то ҳанӯз номаълум парронда шуд.

Зимнан, раҳбарияти нашрияи мустақили "Тоҷикистон" ва нашрияи парлумонии "Садои мардум" эълон карданд, ҷоизаеро ба номи Муродуллоҳ Шерализода созмон додаанд. Онҳо гуфтанд, ин ҷоиза аз 5 ҳазор сомонӣ иборат буда,, ҳар сол ба онҳое дода мешавад, ки кори вакилони парлумонро бозтоб медиҳанд.

Дар маҳфил нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вакили МН Хайринисо Юсуфӣ ва наздикону пайвандони Шерализода ширкат доштанд.

Номзади улуми таърих Муродуллоҳ Шерализода фаъолияти журналистиашро аз рӯзномаи "Маориф ва маданият" оғоз карда, солҳои 1985-1990 дар дастгоҳи марказии КМ ҲК Тоҷикистон кор кардааст. 19 ноябри соли 1990 Муродуллоҳ Шерализода  сардабири аввалини нашрияи парлумонии Тоҷикистон- "Садои мардум" таъин гардид. Ӯ рӯзи 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои олӣ — парлумони вақти Тоҷикистон кушта шуд.  

Барчаспҳо:
5 ҳазор сомонӣ арзиши ҷоиза, таъсиси ҷоизаи ба номи Шерализода, парлумони вақти Тоҷикистон- Шӯрои олӣ, нашрияи "Тоҷикистон", нашрияи "Садои мардум", Шамсиддин Орумбеков, Хайриниссо Юсуфӣ, Қаҳҳор Маҳкамов, Муродуллоҳ Шерализода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ