Дастури президент барои сохтмони коллеҷи тиббӣ дар Темурмалик

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кангурт 23 апрели соли 2015
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кангурт 23 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик, президент Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони як қатор иншооти таълимӣ дастур додааст.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон 23 апрел бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии "Меҳри Модар" ба кор дароварда шуд, менависад сомонаи президент.

Дар ин марказ таълими барномаҳои компютерӣ, дарсҳои дӯзандагӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва забономӯзӣ ба роҳ монда мешавад.

Корҳои таълимию ҳунаромӯзӣ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар канори маркази таълимӣ бинои дуошёнаи чойхона ва тарабхона ифтитоҳ ёфтааст.

Зимнан, дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд ва раисҷумҳур дар зимн ширкат варзид.

Президент ҳамчунин ба вазорати тандурустӣ дастур додааст, ки дар Кангурт дар ду соли оянда Коллеҷи тиббӣ сохта, ба кор дароранд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мактаб-интернати Кангурт ташриф бурда, бинои нави хобгоҳи мактаббачагонро, ки дорои 100 кати хоб аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст, менависад сомона.

Дар канори хобгоҳ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда президент ба сохтмони бинои замонавии таълимии мактаб-интернати Кангурт оғоз бахшида, дастур додааст, ки бинои таълимӣ дар зарфи 1,5 сол сохта, ба истифода дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0