21:48 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Амиршо Миралиев, собиқ раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, раиси вилояти Хатлон ва вакили парлумон баъд аз бозиншаста шудан раиси Шӯрои нозирони “Соҳибкорбонк” интихоб шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Амиршо Миралиев, яке аз аъзои дар гузашта калидии ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои нозирони "Соҳибкорбонк" таъин шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Як намояндаи "Соҳибкорбонк" дар сӯҳбат бо радио бидуни бурдани номаш ин хабарро тасдиқ кард. Он намоянда гуфтааст, мақоми Миралиев ба ҳайси раиси Шӯрои нозирон бештар ифтихорист. Шӯрои нозирон маъмулан саҳмиядорони асосии бонкро дар бар мегирад ва соле як ё ду бор барои баррасии гузориши ҳайъати мудира дар бораи фаъолиятҳояш ташкили ҷаласа мекунад.

Амиршо Миралиев 69 сол дошта, соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинград (ҳоло — Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст.

Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло — Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд. Аммо дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин шуд.

Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайъат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Аммо дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд.

"Соҳибкорбонк" як бонки саҳҳомии тиҷорист, ки соли 1999 ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар заминаи "Тоҷикбонкбизнес", як бонки марбут ба Қаюм Қавмиддинов, раиси собиқи Бонки миллӣ, таъсис ёфтааст. Ибтидо маркази ин бонк дар Хуҷанд буд ва сармояи ибтидоияш 1,2 миллион сомонӣ баровард мешуд.

Дар соли 2010 ба далели мушкилоти молӣ Бонки миллӣ раҳбарии умури "Соҳибкорбонк"-ро ба як маъмурияти муваққати зиддибуҳронӣ аз берун супурда буд. Дар моҳи январи соли 2011 "Соҳибкорбонк" бо табдили раҳбарон ва саҳҳомонаш дигарбора ба фаъолияти оддӣ баргашт. Ҳоло ин бонк дар Душанбею Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ 7 филиал ва дар саросари Тоҷикистон 15 маркази хидматрасонӣ дорад.

Барчаспҳо:
69-сола, мақоми ифтихорӣ, раиси вилоят, раиси дастгоҳ, вакил, собиқ, раис, интихоб, "Соҳибкорбонк", Амиршо Миралиев, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ