06:37 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дар маҷмуъ, ин кӯмакҳо беш аз 60 ҳазор аҳолии вилоятро фаро хоҳад гирифт.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Корвони иборат аз 76 мошини ҳомили 1100 тонна маводи ғизоӣ бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи якшанбеи 7 июн ҷониби Бадахшон роҳ гирифтааст, менависад сомонаи президент.

Ин маводи ғизоӣ ба 8 597 оилаи камбизоат ва ниёзманди вилоят тақсим хоҳад шуд.

"Илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб — интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кӯмак карда мешавад", — менависад сомона.

Манбаъ арзиши умумии маводу маҳсулотеро, ки ба сокинони ниёзманди вилояти Бадахшон интиқол шудааст, панҷуним миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад. Дар маҷмуъ ин кӯмакҳо ба беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоят тавзеъ мешавад.

Дафтари матбуотии президент меафзояд, бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуруҳи корӣ таъсис шудааст.

Барчаспҳо:
тавзеъ, эҳтиёҷмандон, 1100 тонна, 76 мошин, либос, 60 ҳазор нафар, маводи ғизоӣ, кӯмак, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Помир, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ