20:43 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Акс аз бойгонӣ

Райисҷумҳури Туркманистон беш аз 1000 шаҳрвандро афв кард

© Sputnik / Алексей Никольский
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Тибқи фармон, ки иҷрои он 1061 шаҳрванди Туркманистон ва 10 атбоъи хориҷиро фаро мегирад, афвшудагон аз идоми ҷазои асосӣ ва изофӣ озод карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармонеро "Дарбораи афви маҳкумшудагон дар остонаи Шаби Лайлатулқадр (Gadyr gijesi)" имзо кард, хабар медиҳад рӯзи чаҳоршанбе нашрияи "Туркменистан золотой век".

"Тибқи Фармони раҳбари кишвар 1062 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ҳамчунин 10 нафар атбоъи хориҷӣ аз имкони оғози ҳаёти ҷадид, меҳнати софдилона ва бозгардонидани номи нек бархурдор шуданд", — менависад расонаи интернетӣ.

Ин тасмим, ки тибқи он афвшудагон аз адои ҷазои асосӣ ва изофӣ озод карда мешаванд бар пояи ғояҳои инсондӯстӣ ва башарият иттихоз шудааст, — зикр шудааст дар хабар.

Аммо мушаххас нашудааст, ки ин афв чӣ касонро фаро мегираду оё маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Туркманистон низ афв хоҳанд шуд ё хайр.
Ин иқдоми афв тибқи қонуни "Афви ҳамасола ба манзури Лайлатулқадри муқаддас", ки соли 1999 аз сӯйи порлумони Туркманистон тасвиб шуда буд, ҳамасола сурат мегирад.

Шаби Лайлатулқадр баъд аз анҷоми рӯзи 27-уми моҳи рамазон фаро мерасад. Тибқи қавоиди исломӣ дар ин шаб паёмбари мусалмонон Муҳаммад нахустин вокунишҳои Қуръонро дарёфтааст. Дар соли 2015 Лайлатулқадр дар шаби аз 13 ба 14 июл таҷлил мешавад.

Мавзуъ

Ҳайкали президенти Туркманистон дар Ашқобод гузошта шуд
Дар Туркманистон баргузории гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳоро иҷоза медиҳанд
Барчаспҳо:
қонуни афви маҳбусон дар Туркманистон, раёсати ҷумҳурии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ