Дар Тоҷикистон мизони воқеъии маоши мутавассит 5,5% афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Амир ИсаевСомонӣ
Сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То 1 моҳи майи соли ҷорӣ мизони воқеъии маоши мутавассит дар Тоҷикистон 884 сомонӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба 48,6 сомонӣ бештар мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Мизони воқеъии маоши мутавассит дар Тоҷикистон ба 5,5% афзоиш ёфтааст, омадааст дар баёнияи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.

То 1 моҳи майи соли ҷорӣ мизони воқеъии маоши мутавассит дар Тоҷикистон 884 сомонӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба 48,6 сомонӣ бештар мебошад.

"Аз ҷумла дар бахши хусусӣ мизони баланди маош дар арсаи сохтмон 1747 сомонӣ, нерӯи барқ, газ ва обтаъминкунӣ — 1301 сомонӣ ва мизони пойини маош дар бахши кишоварзӣ — 282 сомонӣ мушоҳида шудааст", — омадааст дар баёния.

Дар бахши ироъаи хидматҳо мизони баланди маош дар арсаи молиёт — 2295 сомонӣ ва маоши паст дар бахши будҷаӣ аст: тандурустӣ — 659 сомонӣ, маориф — 694 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш — 883 сомонӣ ва дар ниҳодҳои раҳбарӣ — 922 сомонӣ.

Лентаи хабарҳо
0