02:27 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Сел дар Бадахшон

Даъвати сафорати ИМА аз шаҳрвандонаш: ба Бадахшон сафар накунед

Предоставил Шох Рахматшох
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
14 0 0

Дар номаи сафорати ИМА аз ҷумла омадааст, шаҳрвандони Амрико, ки феълан дар Бадахшон қарор доранд, он ҷо кор мекунанд ва ё дар ҳоли сафар ба Бадахшон ҳастанд, дар минтақаҳои зарардида аз эҳтиёт кор бигиранд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи офатҳои табиии ахир чанд сафари расмияшро ба ин минтақа лағв кардааст, иттилоъ медиҳад CA-News.

Манбаъ меафзояд, сафорати ИМА бо пахши як паёми изтирорӣ аз шаҳрвандони Амрико даъват кардааст, ки сафарҳои начандон зарури худро ба Бадахшони Куҳӣ ба таъхир андозанд.

"Шаҳрвандони Амрико, ки феълан дар Бадахшон қарор доранд, он ҷо кор мекунанд ва ё дар ҳоли сафар ба Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ҳастанд, дар минтақаҳои зарардида аз эҳтиёт кор бигиранд",- омадааст дар номаи сафорат.

Сафорат инчунин аз шаҳрвандони Амрико даъват намудааст, "раванди минбаъдаи авзоъро пайгирӣ намоянд".

Ҳамзамон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шариконаш мавзӯи расондани кумаки фаврӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, сафорати Амрико дар Душанбе тасаллияту ҳамдардии худро дар робита ба паёмадҳои офати табиӣ ба сокинони осебдида дар водии Рашт ва Бадахшони Кӯҳӣ ироа кард.

Дар пайи селу обхезиҳои чанд рӯзи охир дар Бадахшону Рашт 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, ба иқтисоди Тоҷикистон дар пайи офатҳои табиӣ ҳудуди 600 миллион сомонӣ (муодили $100 млн) хисорот ворид шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз сокинони кишвар ва кулли ҷомеъаи ҷаҳонӣ ёрӣ хостааст.

Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Барчаспҳо:
хисорот ба 600 миллион сомонӣ расид, хисороти сел, ҳалокати одамон, сел дар Бадахшон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Рашт, Ванҷ, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ