09:48 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Суманакпазии занҳо дар баҳор. Акс аз бойгонӣ

Агентии омор: аксари солхӯрдаҳои аз садсола боло занонанд

© Sputnik / Марина Маковецкая
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Раиси Агентии омори Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода гуфтааст, аз 306 нафари аз садсола боло 197 нафарашон занҳо ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҳудуди 65 дарсади шаҳрвандони синнашон аз 100-сола болоро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд, бо такя ба Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори кишвар навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Ҳасанзода, 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст, дар маҷмӯъ дар кишвар 306 нафар афроди 100-сола ё аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 109 нафарашон мард ва 197 нафар зан мебошад.

Дар маҷмуъ, ба иттилои Агентии омор, тибқи ҳисобҳои соли 2014 аҳолии кишвар наздики 8,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 603 ҳазорашон нафақахӯр мебошанд. Ин ниҳод ҳаҷми миёнаи бознишастагиро дар кишвар 230 сомонию 14 дирам арзёбӣ кард.

Мавзуъ

Оҷонсии омор: шумораи мардҳо аз занон бештар шудааст
Барчаспҳо:
197 нафар, занҳо, шумори садсолаҳо, Агентии омори Тоҷикистон, Гулнора Ҳасанзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ