Созмонҳои иҷтимоӣ хостанд, онҳоро дӯст бидонанд, на ҷосуси хориҷиҳо

© Sputnik / Игорь ЛекаркинДушанбе. Акс аз бойгонӣ
Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ бо шикоят аз муносибати, ба гуфтаи онҳо, "начандон дӯстона"-и мақомоти Тоҷикистон дархост карданд, ки дар симои онҳо як ҳамкор дида шавад, на "ҷосус".

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раҳбарони баъзе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аз мақомоти расмии кишвар хостанд, ки дар симои онҳо на "ҷосуси хориҷӣ" ё "хиёнаткор", балки як коршарикро бубинанд, хабар додааст "Радио Озодӣ".

Нишони СММ - Sputnik Тоҷикистон
Комиссари олии СММ аз маҳдудсозии фаъолиятҳои СҒД даъват кард

Нигина Баҳриева, масъули созмони ҷамъиятии "Нотабене", 27 июл дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе гуфт, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои ғайридавлатӣ муносибати чандон дӯстона надоранд ва барои ҳамин ба тафтиши "бераҳмона"-и фаъолияти онҳо шуруъ кардаанд.

Ба қавли раҳбари "Нотабене", дар ҳоли ҳозир якбора чаҳор ниҳоди расмӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи андоз фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро аз зери заррабин мегузаронанд.

"Мо намедонем, ба кадоме аз онҳо чӣ ҳуҷҷат пешниҳод кунем. Ҳар кадомашон талабҳои худро доранд," — афзудааст хонум Баҳриева.

Дар идомаи ин, намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз иттилои Вазорати адлия дар бораи дарёфти чаҳоруним миллиард сомонӣ гранти онҳо аз созмонҳои хориҷӣ низ нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки "ин чандон ба ҳақиқат рост намеояд ва шубҳарангез аст".

Хабари чоруним миллиард сомонӣ гранти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар як солро Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта эълон кард.

"Дар ин ҷо ягон шубҳа нест. Ин пулҳоро аз рӯи гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ, аз соли 2013 то моҳи апрели 2014 омода кардем. Ин маълумоти он вақт аст", — гуфтааст  Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки дар ҳамоиши САҲА ширкат доштааст.

Порлумони Тоҷикистон дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро тағйир дод, ки ба шароити дарёфт ва харҷи ёриҳои молии хориҷӣ аз тарафи ин созмонҳо рабт дорад. Бино бар таҳрири банди 24-и қонуни мазкур аз ин ба баъд созмонҳои ғайридавлатӣ танҳо дар ҳолате ёриҳои хориҷиро пазируфта метавонанд, ки сарчашмаи ин пул ё моликият ошкор ва ҳуҷҷатӣ шуда бошад.

Ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2014, замоне, ки вазорати адлия акнун таҳияи ислоҳи қонунро бо дастури ҳукумати кишвар оғоз карда буд, созмонҳои ғайридавлатӣ зимни муроҷиъа ба раиси ҷумҳур зикр карда буданд, ки сабти номи изофӣ то андозае фаъолиятҳои онҳоро душвор ва маҳдуд месозад.

Лентаи хабарҳо
0