Президент дар Ванҷ лентаи пули ҷадиди мошингузарро бурид

Обуна шудан
Дар назди пули навбунёд президент ба вазири нақлиёт супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ тахрибшуда дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти Бадахшон мушкилотро ҳар чӣ зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Субҳи имрӯз, боздиди кории раисҷумҳур аз вилояти Бадахшон,   аз ноҳияи Ванҷ бо ифтитоҳи пули мошингузар оғоз ёфт, менависад АМИТ Ховар.

"Дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ Эмомалӣ Раҳмонро сокинон ва фаъолони ноҳия бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин мавзеъ бо иштироки раисҷумҳур пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфт",- қайд мекунад сарчашма.

Сел дар Ванҷ панҷ нафарро бе ному нишон кард

Ба иттилоъи манбаъ, дар асоси тарҳи аслӣ, пул иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр мебошад. Паҳноии пул 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст.

"Пули мазкур аз тарафи "Корпоратсияи Чин оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо" дар асоси шартнома бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо маблағи 4 миллиону 306 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2015-ум ба анҷом расиданд. Барои сохтмони пули номбаршуда дар маҷмӯъ 27 миллион сомонӣ сарф шудааст",- меафзояд манбаъ.

Аснои шиносоӣ дар назди пули нави мошингузар президент ба вазири нақлиёт  супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ бандшуда дар ҳудуди ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон монеаҳоро ҳар чӣ зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Дарвозу Рӯшон ва Роштқалъаву Шуғнон низ рафта, бо вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа аз наздик шинос хоҳад шуд. Боздиди президент аз ВМКБ то охири моҳ идома меёбад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0