07:43 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Тарҳи шаҳраки ҷадид дар Хоруғ

Дар Хоруғ шаҳраки ҷадид бунёд мешавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7510

Ин шаҳрак, ки дар масоҳати 260 гектар сохта мешавад, биноҳои 4-5 табақа, ҳавлиҳои маскунӣ ва биноҳои 9 табақа бо куллияи шароит ва шамчунин корхонаҳову биноҳои маъмурӣ бунёд мешаванд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шаҳраки ҷадид дар мавзеъи Тем дар Хоруғ бунёд мешавад ва санги нахустини онро рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошт, хабар медиҳад сомонаи раёсати ҷумҳурӣ.

Шаҳрак дар масоҳати 260 гектар бунёд мешавад.

"50 дарсади масоҳати шаҳраки ҷадид, ки дар соҳили рӯдхонаи Панҷ воқеъ аст, аз манозили маскунӣ бо масоҳати 300 ҳазор метри муррабаъ ташкил медиҳад", — омадааст дар хабар.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ дар маросими оғози эҳдоси чанд таъсисот ширкат кард
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар шаҳрак манозили маскунӣ ва биноҳои 4,5 ва 9 табақа сохта мешаванд.

Барои анҷоми умури пажӯҳишӣ, заминшиносӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 930 ҳазор сомонӣ ихтисос шудааст. Барои умури омодагӣ барои бунёди шаҳрак дар назар аст 130 миллион сомонӣ ихтисос шавад. Феълан нақшаи кулли шаҳрак таҳия мешавад.

Дар маҳаллаи ҷадид сохтмони куллияи зербаноҳо — иҷтимоӣ, маишӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар назар аст. Корхонаҳои тавлидотӣ ва биноҳои маъмурӣ сохта мешаванд.

Мавзуъ

ВАО: такрори офатҳои табиӣ дар Бадахшон
Фаъолони Душанбе барои осебдидагони Бадахшон кӯмак ҷамъоварӣ мекунанд
Шоҳҷоизаи "Парасту-2015" -ро театри Хоруғ соҳиб шуд
Тармафароӣ боиси қатъи иртиботи Хоруғ ба манотиқи дигар шудааст
Натиҷаи сафари сарвазир ба Хоруғ: як мулоқот ва ифтитоҳи чаҳор бино
Барчаспҳо:
оғози бунёди шаҳраки ҷадид, раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Хоруғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ