Дастури Раҳмон барои ихтисоси замин ба кормандони иҷтимоии ВМКБ

Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари кишвар аз соли 2008 бад ин сӯ 28 нафар устоди ҷавони макотиби вилоят қитъаҳои наздиҳавлигии замин дарёфт кардаанд ва ҳамчунин 275 омӯзгорон қарзҳои боимтиёз гирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба кормандони арсаи иҷтимоии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаоти замин ихтисос дода шаванд, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.

Раҳмон зикр кард, ки аз соли 2008 бад ин сӯ 28 нафар устоди ҷавони макотиби вилоят қитъаҳои наздиҳавлигии замин дарёфт кардаанд ва ҳамчунин 275 омӯзгорон қарзҳои боимтиёз гирифтаанд.

Дар Хоруғ эҳдоси театр бо 500 ҷойи нишаст шурӯъ шуд

"Ин иқдомот нокофӣ аст, — гуфт раҳбари кишвар. — Ба ин далел ба ниҳодҳои иҷроияи шаҳрҳо ва навоҳӣ дастур дода мешавад, ки иқдомоти зарурӣ барои ихтисоси қитъаоти замин ба устодон, духтурон, кормандони бахши фарҳанг ва намояндагони арсаҳои дигари иҷтимоӣ анҷом бидиҳанд".

Раиси ҷумҳур хабар дод, ки дуввуми июл ҳукумат дар бораи ихтисоси изофапулиҳо ба маоиши устодони ҷавоне, ки дар манотиқи рустоӣ кор мекунанд, тасмим бигирифт.

Ин иқдом ба манзури ҷалби ҷавонон ба фаъолияти омӯзгорӣ, таъмини макотиб ва таъсисоти томактабӣ бо кадрҳо, боло бурдани мақоми муаллим ва беҳтар кардани шароити зиндагонии устодон гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0