19:42 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Рустои Чоркӯҳ. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи муноқиша дар марз бо Қирғизистон 7 атбоъи тоҷик осеб диданд

© Sputnik / Всеволод Тарасевич
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ печида аст (6)
13 0 0

Сокинони манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба сӯйи ҳамдигар сангпартоӣ карданду 10 нафар ҷароҳатҳо бардоштанд, ҳар ду ҷониб диди худи вуқӯъи ин ҳодисаро эълом мекунанд, вале марзбонон назорати вазъи дар ин минтақаро ба манзури ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи он ташдид кардаанд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар пайи муноқиша дар манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон 10 нафар осеб бардоштаанд, ки 7 нафари онҳо атбоъи Тоҷикистон мебошанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Муовини раиси деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Абдухалил Шарифов хабар дод, ки феълан вазъ дар сарҳад нисбатан ором шудааст.

"Дар пайи ин ҳодиса ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дида умдатан сарҳояшон кафидаву дандонҳояшон шикаста аст. Ин муноқишаро маъмурони ниҳодҳои интизомии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон то соъати 10 шоми 3 август ором кардаанд", — гуфт вай.

Шарифов тавзуъ дод, ки сокинони рустои Чоркӯҳ дар тӯли муддати тӯлонӣ умури кашидани лӯлаи об аз рӯдхонаи Исфара барои обёрии мазореъ анҷом медоданд, вале эҳдоси он то ҳол анҷом нашудааст.

Муноқишаи навбатӣ миёни сокинони рустоҳои ҳаммарз 3 август рух дод. Ба иттилоъи Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон атбоъи тоҷик ҷодда барои сокинони рустои Кок-Таши Қирғизистон, ки ба самти қабристон мебарад, масдуд мекунанд. Ҷодда ба қабристон аз рустои Майское убур мекунад, ки дар он ҷо хонаводаҳои тоҷик ба сар мебаранд.

Дар посух ба ин амр атбоъи Қирғизистон интиқоли об тавассути ҷӯй ба рустои Чоркӯҳро масдуд карданд. Ин амр боъис шуд, ки ҳудуди 120 атбоъи тоҷик 80 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар пайи муноқиша ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд.

Ҷониби Тоҷикистон иддаъо дорад, ки сокинони кишвари ҳамсоя мунҷар ба ин муноқиша шудаанд.

Гузашта аз ин, хабар дода мешавад, ки тибқи иттилоъи муқаддамотӣ дар пайи ин муноқиша панҷ атбоъи Қирғизистон ҷароҳатҳои мухталиф бардошта се манзил ва як адад мошини онҳо осеб дидаанд.

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки намояндаи Қирғизистон дар умури Ботканд бо намояндаи Тоҷикистон дар минтақаи Исфара чанд мулоқот анҷом додааст. Дар пайи ин дидорҳо тасмим гирифта шудааст, ки вазъ дар манотиқи ҳаммарз бозрасӣ шуда дар сурати ташаннуҷи увзоъ иқдомоти муштарак рӯйи даст гирифта шаванд.

Мавзуҳо:
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ печида аст (6)

Мавзуъ

Бишкек ИМА-ро дар талоши тахриби сулҳ дар Қирғизистон муттаҳам кард
Шумори тоҷикон дар 16 соли ахир дар Қирғизистон 7,5 ҳазор афзоиш ёфт
Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод музокирот карданд
Қирғизистон сохтмони роҳи наздимарзиро қатъ кардааст
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд
Барчаспҳо:
танишҳо дар сарҳад, муноқишаи марзӣ, сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, муноқишаи сокинони рустоҳои ҳаммарз, Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, Абдухалил Шарифов, Ботканд, Чоркӯҳ, Исфара, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ