18:01 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Парчамҳои ИА. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирати аврупоиҳо ба кишварҳои рушдкардаи ИА

© Flickr/ Blondinrikard Fröberg
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Оҷонсии иттилоотии Sputnik дар бораи тағйири омори аҳолии Аврупо маълумотеро мунташир мекунад.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Теъдоди аҳолии бархе аз кишварҳои Аврупои шарқӣ ва мамолики камбизоати "Аврупои куҳан" (Португалия ва Юнон) бино ба сабаби муҳоҷират коҳиш меёбад. Чунин оморро оҷонсии Sputnik пас аз пажӯҳиш дар чорчӯби тарҳи "Sputnik. Факти" ба даст овардааст.

Дар ҳамин ҳол, коҳиши ҷамъият (аҳолӣ- шарҳ аз идора) ба кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо амсоли Фаронса, Британияи Кабир ва Швейтсария таҳдид намекунад.

Афзоиши аҳолӣ ба муҳоҷират ва зиёд шудани сокинони кишварҳо иртибот дорад. Маълумоти омории Аврупо, ки теъдоди аҳолиро барои соли 2015 ва пешгӯиҳо барои соли 2030-ро нашр месозад, хокӣ бар он аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандон аз давлатҳои нодор ба мамолики рушдкарда бо сабабҳои иқтисодӣ сурат мегирад.

Дар соли 2030 аҳолии Литва (-24%), Латвия (-18%) ва Булғористон (-10%) коҳиш хоҳад ёфт.

Дар Юнон ва Португалия камшавии аҳолӣ мутаносибан ба 8% ва 6% хоҳад расид ва ин омил ба иқтисоди кишварҳо бетаъсир нахоҳад буд.

Барчаспҳо:
дар Аврупои шарқӣ иқтисод таназзул кард, мушкилоти иқтсиодии кишварҳои нодори аврупоӣ, муҳоҷирати аврупоиҳо, Иттиҳодияи Аврупо, ИА, Юнон, Португалия, Литва, Латвия, Булғористон

Мавзӯъҳои асосӣ