Озмуни шаҳрдорӣ барои ишғоли курсии мудирии “Пойтахт-90”

© Sputnik / Амир ИсаевМаҷмааи савдои "Пойтахт 90". Акс аз бойгонӣ
Маҷмааи савдои Пойтахт 90. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин маҷмаа бо харҷӣ $40 млн. бунёд ва дар соли 2014 ба истифода дода шуд, ки бархе аз тоҷирони бозори “Шоҳмансур”-ро ба он ҷо итиқол доданд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори маҷмаи савдои "Пойтахт-90" озмун эълон кардааст, менависад хабаргузорӣ TojNews.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори “Шоҳмансур” фурӯши хушкмева манъ шуд

Озмун аз 20-уми август то 20-уми сентябри соли равон гузаронида шуда, 24-уми сентябр ҷамъбаст мегардад, навишааст хабаргузорӣ.

Яке аз шартҳои соҳиб шудани курсии мудирии "Пойтахт-90" доштани маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона аст.

Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё  донишкадаҳои хориҷи кишварро бо ихтисоси тиҷорат, иқтисодчӣ, иқтисоди ҷаҳон, умури савдо, молшинос, менеҷмент ва ташкили савдои ҷаҳони муосир хатм намуда, на кам аз 5 сол таҷрибаи кории  роҳбарикунанда дар соҳаи савдо, тиҷорат, соҳибкорӣ доранд ва аз истифодаи технологияи иттилоотию таҷҳизоти навини соҳаи савдо бархурдоранд, забонҳои русӣ ва англисиро медонанд, афзалият дода мешавад.

Шаҳрдори Душанбе дар ҳоле аз эълон озмун барои ишғоли вазифаи директори Маҷмааи "Пойтахт-90" хабар медиҳад, ки ба таъини директори қаблии он ҳанӯз як сол нагузаштааст.

Моҳи декабри соли гузашта Қосимҷон Усмонов ба ин вазифа таъин шуда буд.

Маҷмааи савдои "Пойтахт-90" моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд. Ин маҷмаа бо харҷи $40 млн. бунёд шудааст, менависад сомона.

Лентаи хабарҳо
0