Дар Душанбе барои ҷашни зодрӯз 600 доллар ҷарима карданд

Обуна шудан
Як сокини бекори шаҳри Душанбе муқаррароти қонун дар бораи танзими маросим дар мавриди таҷлил аз зодрӯзро нақз кард. Додгоҳ ӯро ба пардохти ҷаримаи бузург маҳкум кард.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Додгоҳи як ноҳияи пойтахт сокини 25 солаи Душанбе Амир Исоевро ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $600) барои таҷлили зодрӯзаш дар қаҳвахона маҳкум кард, хабар медиҳад сомонаи Tajweek.

Алайҳи Исоеви бекор додситонӣ парвандаи ҷиноиро бар пояи аксе боз кардааст, ки худи Исоев дар сафҳаи худ дар Facebook мунташир кардааст. Дар ин акс худаш, дӯстонаш ва торт акс гирифта шудаанд.

Додгоҳ бар ин натиҷа расид, ки ҷашнгирандаи зодрӯз моддаи 8 қонуни кишвар "Дар бораи танзими маросим"-ро нақз кардааст, ки дар он омадааст: "Зодрӯз бо хоҳиши худ дар оила ҷашн гирифта мешавад".

Исоев иддаъо дошт, ки ҳеч зодрӯзе ҷашн нагирифтааст. "Тӯҳфаҳо набуданд, шодбошиҳо набуданд, ҳатто дар торте, ки худам овардаам, ҳеч навиштаҷот ва ё шамъчаҳои зодрӯзӣ набуданд. Барои зиёфати 13 нафар ҳамагӣ 540 сомонӣ пардохт шудааст", — гуфтааст вай дар муҳокимаи додгоҳӣ. Вай ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳар як нафари ҳузурдошта барои ғизои худ маблағ пардохт кардааст.

Шоҳидон низ дурустии гуфтаҳои Исоевро таъйид кардаанд, аммо додгоҳ шоҳидии онҳро сарфи назар кардааст.

Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими маросим" соли 2007 ба ибтикори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасвиб шуда буд. Ин қонун теъдоди меҳмонон, миқдори ғизо ва мошинҳо дар маросимҳои мухталифро ба сурати сангин маҳдуд мекунад. Далели қабули чунин қонун ба он рабт дошт, ки сокинони кишвар барои баргузории маросимҳои бошукӯҳ маблағҳои бузургро бар қарз гирифта сипас солҳо онро бозпас медоданд.

Лентаи хабарҳо
0