04:44 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Фестиваль мыльных пузырей в рамках Дня защиты детей. Архивное фото

Ду келин барои қатли хушдоман барои 43 сол равонаи зиндон шуданд

© Sputnik / Илья Питалев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Ихтилофот дар хонавода ба қатли бераҳмонаи пиразан сабаб шуданд. Қотилон келинҳои худи ин пиразан буданд ва онҳо барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ду келин барои қатли бераҳмона ва сипас сӯзонидани ҷасади пиразан — хушдомани худ бар пояи хушунати хусусӣ барои 43 сол равонаи зиндон шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинрод ба додгоҳ.

Ин қазия замоне расонаӣ шуд, ки пулис баъд аз боздошт тавассути телевизион иқророти келинҳо дар қатли хушдомани худро, ки 27 декабри осли гузашта рух дода буд, намоиш дод.

Ойгул Пардаева ва Сафаргул Азимова аз Қубодиён рӯзи сешанбе аз сӯйи додгоҳи вилояти Хатлон дар қатли хушдомани худ муҷрим дониста шуда ба 43 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳо дар маҷмӯъ тақрибан чоряки асрро дар зиндони низомаш умумӣ мегузаронанд: якумӣ 22 сол ва дуввумӣ 21 сол, менависад хабаргузории "Азия-Плюс".

Ба гуфтаи келинҳо баъд аз он тасмим гирифтанд, ки Нозигул Азимова пайваста ба кори хонаводагии онҳо эрод гирифта аз рӯбучини онҳо интиқод мекард.

Келинҳо ба сари хушдомани худ бо ашёи вазнине зарба зада сипас ҷасади ӯро оташ заданд ва сипас боқимондаи вайро ба рӯдхона партоб кардаанд.

Ин мавориди нахустини қатли бераҳмона дар хонавода нест. Дар авохири моҳи июл сокини Конибодом Баҳром Юлдошев барои дар пайи муноқиша бо хонумаш бо табар ба қатл расонидани вай ва ду фарзандаш ба ҳукми абад маҳкум шуд. Писараш сенздаҳ сол ва духтараш ҳашт сол доштанд.

Мавзуъ

Марде, ки хонуму фарзандонашро қатл кардааст, ба ҳукми абад маҳкум шуд
ВКД: “омӯзгори варзиш директор ва муовини мактабро қатл кардааст”
Дар Австралия ҳашт кӯдак ба қатл расид
Барчаспҳо:
ҳукми ду келини қотили хушдоман, додгоҳи вилояти Хатлон, Нозигул Азимова, Сафаргул Азимова, Ойгул Пардаева, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ