11:05 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Абзори журналистӣ

Баҳси додгоҳии КВД "Обу корези Душанбе" бо хабарнигори "Тоҷикистон"

© Sputnik / Алексей Дружинин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

КВД “Обу корези Душанбе” барои мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” аз болои рӯзноманигори "Тоҷикистон” ба додгоҳ шикоят бурдааст.

ДУШАНБЕ, 03 сен — Sputnik. КВД "Обу корези Душанбе" барои мақолаи "Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?" аз болои муалифи матлаб Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи "Тоҷикистон" ба додгоҳи Фирдавсӣ шикоят бурдааст, менависад Радиои Озодӣ.

Ин корхона далоили дар мақола нашршударо носаҳҳеҳ номида, аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки ҳамчун ҷуброни маънавӣ ба даъвогар 30 ҳазор сомонӣ пардозад. Вуҷуди чунин даъворо дар дафтари матбуотии додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам ба Озодӣ тасдиқ кардаанд.

Аризаи шикоятӣ аз номи раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" Файзулло Юсуфов ба додгоҳ ворид шудааст. Ин баҳсро додрас Бахтиёр Абдураҳмонов мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар назар аст дар ҳафтаи оянда мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад.

Ҳасан Шокирзода, муалифи матлаб ба Озодӣ гуфтааст, баъди он ки мақолаи ӯ дар таърихи 18 декабри соли 2014  ба нашр расид, раҳбарияти корхонаи мазкур ба хашм омадааст.

Муаллиф матлаби худро "як памфлет" меномад, ки бар асоси фактҳои воқеии мушкили дастрасӣ ба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо шудааст. Вай мегӯяд, дар ин мақола масъалаи ба ошёнаҳои баланди пойтахт нарсидани об матраҳ шуда, назари сокинони манзилҳои истиқоматӣ ва дигар факту далелҳои воқеӣ истифода шудаанд.

Дар як моҳи охир ду ҳодисаи додгоҳӣ шудани баҳси рӯзноманигор расонаӣ мешавад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе дар таърихи 18-уми август Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Гарчанде парвандаи ин рӯзноманигор тибқи моддаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — тақаллуби аснод — баррасӣ шуд, аммо соҳибназарон гуфтанд, ин қазия фаротар аз кодекси ҷиноятӣ буд.

Баҳори имсол Ҷумахон Давлатов, муовини раиси "Душанбенақлиётхадамотрасон" аз болои Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигори нашрияи "Вечерний Душанбе"  ба додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе шикоят бурд. Давлатов аз додгоҳ хоста буд, аз Ҳусейнова 101,5 ҳазор сомониро ҳамчун ҷуброни зарари моддию маънавӣ ба нафъи вай бируёнад. Давлатов даъво дошт, дар матлаби хабарнигор Ҳусейнова, ки таҳти унвони "Почему автобазы превращаются в "кладбища" автобусов?" дар нашрияи "Вечерний Душанбе" чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.

Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст.

Аммо дар таърихи 10 июн ҷаноби Давлатов аз даъвояш даст кашида, бо ҳамин парванда дар нимароҳ пӯшонида шуд. То кунун сабаби аз даъво даст кашидани Давлатов номаълум аст.

Барчаспҳо:
рӯзноманигор, баррасӣ, қазия, парванда, КВД "Обу корези Душанбе", "Тоҷикистон", "Вечерний Душанбе", Ҷумахон Давлатов, Файзулло Юсуфов, Ҳасан Шокирзода, Ҷамила Ҳусейнова, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ